Наҷоти 9 нафар дар як лифт, ки 7 нафарашон ноболиғон буданд

Нимишабии 9-уми июни соли равон ба Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода хабар расид, ки дар маҳҳаи 4, хонаи баландошёна як лифт ба сабабҳои техникӣ аз кор мондаву дар дохили он 9 нафар, ки 7 нафарашон кӯдакон ва 2 нафари дигар модарони онҳо буданд, руст мондаанд.

Ин хабар соати 23:00 расид ва дастаи зудамал фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуд.

Фасли тобистон ва ҳавои гарм дохили лифтро гармтару нафасгир мекунад. Аз ин рӯ, наҷотдиҳандагон фавран аз пайи кор шуданд ва бо истифода аз таҷҳизоти махсус зарфи 5 дақиқа лифтро боз карданд ва дармондагонро аз он берун оварданд. 

Ду модари 35-сола бо тифлонашон, ки аз 6 то 14 сол доштанд, беосеб наҷот дода шуданд.

Сабаби руст мондани лифт эҳтимолан аз меъёр зиёд савор шудани сокинон буд.

барчасп: