Муовинони тозатаъини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда муаррифӣ шуданд

10-уми марти соли 2021 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонишини аввал ва муовинони Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаҳои худ барканор шуданд. Ба вазифаи муовини аввал ва муовинони Раиси Кумита полковник Латифзода Ҳотамшо, полковникҳо Исозода Сулаймон ва Иброҳимзода Эмомалӣ таъин шуданд.

Ҳалокати се нафар дар лағзиши тарма. КҲФ ҳушдор медиҳад: ХАТАРИ ЛАҒЗИШИ ТАРМА БОҚӢ МОНДААСТ!

Дар маҳалли Кумарги болои ноҳияи Айнии вилояти Суғд, дар шафати корхонаи муштараки Чину Тоҷикистон “Кооперератсия-19” тарма се нафарро ба ҳалокат расонд. Ин ҳодиса дирӯз рух дод ва як нафар аз ҳалокшудагон сокини ноҳияи Айнӣ буда, 51 сол доштааст. Ду нафари дигар сокинони ноҳияи Шаҳринав буда, яке 33 ва дуюмӣ 40-сола будаанд.

Огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз боронҳои шадиди рӯзи 14-уми март

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон 14 март дар саросари кишвар  боронҳои шадид (дар кӯҳҳо дар баландиҳои бештар аз 2500 метр барфи тар) дар назар аст.

Хатари боло рафтани оби дарёҳову рӯдхонаҳо ва дар роҳҳои кӯҳӣ...

КОВИД-19: Таваҷҷуҳи аврупоиён ба воксани русии «Спутник V» меафзояд

Аз 8-уми марти соли равон дар пойтахти Бразилия қуюди шабгардӣ эълон шуд. Сабаб авҷи нави сирояти коронавирус дар ин шаҳр аст. Мардум аз соати 22:00 то 05:00 субҳ ҳақи гаштугузор дар кӯчаҳо надоранд. Тибқи қарор ин низом то 22 март идома хоҳад кард.

Ширкати сармоягузории испонии  IberAtlantic дар мавриди имкониятҳои истеҳсоли воксани  «Спутник V» дар қаламрави

Се хабар Раёсати КҲФ дар Хатлон

Як нафар намоянда аз бонувони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар чорабинии вилоятӣ бахшида ба Рӯзи Модар бо ширкати Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода иштирок намуд. Ин чорабинӣ рӯзи 6 март дар тарабхонаи “Хуррамшаҳр”-и Данғара бо иштироки бонувони фаъоли вилоят баргузор шуд.

Страницы