Партови 83 мушак дар фазои боронии панҷ минтақаи кишвар дар як рӯз

Хадамоти жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки рӯзи 11-уми майи соли равон барои бехатар кардани 32 минтақа жоларез ба фазои боронии панҷ шаҳру ноҳияи кишвар 83 мушак партов кард.

Аз ҷумла, бо партови 15 мушаки зидди жола 6 минтақа дар ноҳияи Ёвон безарар гардонида шуд. 

Рӯзи 11-уми май аз соати 10:37 то 16:74 даќиќа дар фазои қаламрави Ҳисор 23 мушак партов шуд ва 10 минтақаи жоларез безарар гардонида шуд.

2 мушаки партовшуда дар осмони ноҳияи Хуросон 1 минтақаи жоларезро бехатар гардонд.

Рӯзи 11-уми май миёни соатҳои 11:28 ва 13:35 дақиқа барои безарар гардонидани 11 минтақаи жолаовар дар ноҳияи Данғара 30 мушаки зиддижола ба фазо партов шуд. 

Дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ бошад барои безарар гардонидани абрҳои жоладори 8 минтақа 25 мушаки зидди жола истифода шуд.

Дар шаҳри Турсунзода бошад бо истифода аз 5 мушаки зидди жола ду минтақаи хавфнок безарар гардонида шуд. 

барчасп: