COVID-19: Пекин дар карантини нав. Шумори фавтидагон дар ИМА аз талафоти ин кишвар дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон гузашт

Шумори фавтидагон аз коронавирус дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бештар аз талафоти ҷонии ин кишвар дар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ шуд. Бино ба омори расмӣ солҳои Ҷанги аввали ҷаҳони Амрико 116 ҳазору 516 нафар сарбозону афсарони худро талаф дода буд. Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинз дар гузориши охирини худ навишт, ки ИМА ҳамоно дар сафи пеши кишварҳои олам дар сирояти коронавирус мебошад. Ин манбаъ гуфтааст, ки то кунун дар Амрико 2 миллиону 136 ҳазору 043 нафар мубталои КОВИД-19 буда, бештар аз 583,5 нафарашон муолиҷа шудаанд.

 Миллионҳо сокинони пойтахти Чин бори дигар ба карантин баргаштанд ва маҳдудиятҳои вижае дар зиндагии ҳамарӯзии онҳо ҷорӣ шуд. Рӯзи чоршанбе боз 31 нафари дигар чун мубтало ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шудан ва зарфи 7 рӯзи охир теъдоди онҳо ба 137 нафар расид. 

То ин замон зарфи 57 рӯзи охир шаҳри Пекин бе ягон сироятёфтаи нав ба КОВИД умр ба сар мебурд, вале ифшои беморони нав ҳаёти маъмулии пекиниҳоро дигар кард. Шаҳр ҳоло бастаи маҳдудиятҳост ва сокинон ноилоҷанд ин ҳамаро риоя кунанд.

Мақомот гуфтаанд, ки ҳоло ин вирус танҳо дар онҳое ифшо шудааст, ки ба тозагӣ аз ҷойи дигар ба пойтахт омадаанд. Онҳо мегӯянд як манбаъи аслии густариши вирус ин бозори умдафурӯшии “Синфади” мебошад. Гуфта мешавад, ки 80 дарсад гӯште, ки масрафи 21 миллион сокини Пекин мебошад, аз ҳамин бозор аст.