Covid-19: Марги беш аз 1,9 ва шифои зиёда аз 64 миллиони гирифторони коронавирус дар олам. Шумори фавтидагон дар Британияи Кабир меафзояд

Шумори гирифторон ба коронавиурс дар олам  ба 89 миллиону 456 ҳазору 348 нафар расид. Аз ин беморӣ то кунун 1 миллиону 924 ҳазору 96 нафар ҷан бохтаву 64 миллиону 108 ҳазору 46 нафар шифо ёфтаанд. Ин шабу рӯз дар беморхонаҳои олам 108 ҳазору 904 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.

Кишварҳое, ки сироятшудагони бештар доранд:

COVID-19: Шумори гирифторон аз 88,5 миллион гузашт. Маргумир дар олам аз сирояти коронавирус рӯ ба афзоиш овардааст

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ субҳи имрӯз шумори мубталоён ба коронавирусро 88 миллиону 532 ҳазору 929 нафар эълон кард. Ин манбаъ аз сирояти боз 334 290 нафар дар шабонарӯзи гузашта хабар дод. Шумори ҷонбохтагон аз КОВИД-19 ба 1 миллиону 907 ҳазору 231 нафар расидааст. То кунун дар саросари олам аз ин вирус 63 миллиону 632 ҳазору 235 нафар муолиҷа шуданд. Ҳоло дар бемористонҳои олам 108 ҳазору 368 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.

Садамаи фалокатбор дар роҳи Душанбе-Хуҷанд: Панҷ сокини деҳаи Қалъаи Дӯсти ноҳияи Деваштич ба ҳалокат расиданд. Ҳама як авлоду ронанда ҳамсоя

7-уми январи соли раовн тахминан соати 18:50 дақиқа дар километри 80 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд–Чаноқ, мавзеъи Зимарғи ҷамоати деҳоти Анзоб  мошини тамғаи Opel Astra G, ки аз ҷониби як марди 62-сола, сокини  деҳаи Қалъаи Дӯсти ноҳияи Деваштич идора мешуд, ба ҷарии 400 метр сарозер шуд. Дар ин садамаи мудҳиш 5 нафар, аз ҷумла худи ронанда ба ҳалокат расиданд. Ҳамаи ҳалокшудагон сокинони деҳаи...

Ҳавои сард бо 11 – уми январ боқӣ мемонад

Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, ҳавои сард дар аксари минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи Тоҷикистон то 11 январи соли 2020  шабона боқӣ мемонад. Ҳарорат дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 12-17 то 16-21 шабона, дар шарқи ВМКБ шабона 36-41, рӯзона 20-25 хунук (дар минтақаи Булункӯл шабона 50-52 шабона, рӯзона 33-35 сард) мешавад. Дар баъзе ҷойҳо барфи сабук ва дар баландкӯҳҳо бориши шадид дар назар аст.

Ахбори рӯзи гузашта: Ду куштаи як садама дар Суғд, сӯхтор дар анбори “Султони Ҳаким”-и Душанбе ва худкушии як сокини ноҳияи Айнӣ дар Левакант

Рӯзи гузашта дар қаламрави кишвар ягон ҳолати фавқулоддаи табиӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аммо, наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафъи оқибатҳои садамаҳое, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ рух доданд, ширкат варзиданд. Чунончӣ, ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва...

Страницы