КҲФ: Се ҳодисаи лағзиши тарма дар роҳҳои кишвар. Аммо хатари тарма ҳамоно бартараф нашудааст!

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар се ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Чунончӣ, рӯзи 17-уми март дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон ва Ишкошими ВМКБ тарма омад ва муваққатан роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Мурғобро баст. Дар ин тарма харобӣ ва дигар ҳодисаи нохӯш ба қайд гирифта нашудааст.

Барои бартараф намудани паёмадҳои ин тарма Вазорати нақлиёт техникаи махсус ҷудо кард ва роҳҳо поккорӣ шуданд. 

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳҳои мошингарди кӯҳии Душанбе –Хуҷанд ва Душанбе – Ванҷ шабонарӯз навбатдорӣ мекунанд.

Рӯзе қабл Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар расонида будд, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар то 19-марти соли 2021 дар ноҳияҳои кӯҳӣ хавфи лағзиши тарма, резиши сангу рег ва дар водиҳо, минтақаҳои наздикӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеъи марказ боқӣ мемонад.

Ғайр аз ин дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд эҳтимоли шамоли сахт, ки то  20-25 м/с ва дар баъзе маҳалҳо 25-30 м/с мевазад, вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш мекунад то ҳадди имкон аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои тармахез худдорӣ кунанд, ба ҷамъоварии ҳезум ё чорвочаронӣ нараванд.

Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатарӣ, аз ҷумла фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя намоянд.

барчасп: