Covid-19: Амрико ва Британия мегӯянд Чин ба фиристодагони СҶТ дастрасии комил ба маълумоти рӯзҳои аввалро надодааст

Сафи гирифторон ба вируси корона дар олам ба  109 миллиону 413 ҳазору 506 нафар расид. Зарфи як шабонарӯз боз 103 208 нафар ба ин ҷамъ пайвастанд. Шумори ҷонбохтагон 2 миллиону 412 ҳазору 141 нафар эълон шуд. Танҳо шабонарӯзи гузашта дар олам 3 001 нафар ҷони худро аз ин беморӣ аз даст доданд. Аз коронавирус КОВИД-19 то кунун 81 миллиону 663 ҳазору 427 нафар муолиҷа шуданд. Ҳоли 98 639 нафар вазнин аст.

Фиристодагони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Вуҳони Чин аз сафар ва таҳлилҳои худ бо натиҷаҳои муҳим баргаштанд ва набояд ин нодида гирифта шавад, гуфт вирусологи британиёӣ Ҷон Уотсон, ки узви ҳамин ҳайат буд. Ҳафтаи гузашта СҶТ аз натиҷаҳои ба дастомада аз ин диду боздидҳо ва таҳлилу ташхисҳо як гузориши кутоҳ дода буд. Аз ҷумла, таҳлилгарон ба ин назар буданд, ки иддиои баъзеҳо дар мавриди озмоишгоҳиву парваришшуда будани вируси корона чандони боварибахш нест. Профессор Ҷон Уотсон баъди он ки ҳамкораш микробиолог Доминик Дуаер ба ВАО гуфт, ки ҳукуматдорони Чин ба таҳлилгарон маълумоти мухтасар дар бораи аввалин гирифторон ба вируси коронаро доданд, на кулли маълумотро, аз натиҷаи кори намояндагони СҶТ ҳимоят кард. 

Намояндагони ИМА ва Британияи Кабир низ гуфтанд, ки Пекин ба фиристодаҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба ҳама фактҳо дастрасӣ надод, фаъолияти онҳоро маҳдуд намуд.

Аммо Уотсон гуфт, ки сафар ба Чин ин танҳо “аввали кор буд ва барои анҷоми пурраи маъмурият моҳҳо ва ё ҳатто солҳо лозиманд”. Вай низ иқрор шуд, ки оре, Чин на ҳамаи маълумотҳоро пешкаш кард, вале таҳлилгарон “хеле чизҳои зиёд” пайдо карданд.

15 миллион сокинони Британиёи Кабир воксан гирифтанд. Мақомоти ин кишвар гуфтанд, ки то охири моҳи апрели соли равон  ҳамаи сокинони аз 50-сола боло бояд эм карда мешаванд.

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба ин умед аст, ки ба ҳам овардани воксанҳои Русия ва Чин дар муборизаи ҷаҳонӣ бо КОВИД-19 муфид хоҳад буд. Вай гуфтааст, ки бояд воксанҳои истифодамешуда дар Русия ва Чин зидди  COVID-19 баъди соҳиби шаҳодатномаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шуданашон ба барномаи мубориза бо ин вирус ҳамроҳ карда шаванд.

Ширкатҳои дорусозии Ҳиндустон аллакай истеҳсоли воксани Sputnik V-и Русияро бар зидди сирояти коронавирус аз худ кардаанд. Интизор меравад, ки воксан, ки онро Маркази Н.Гамалеи таҳия намуда, дар Ҳиндустон истеҳсол мекунад, на танҳо дар ин кишвар истифода мешавад, балки бо мувофиқа бо ҷониби Русия ба дигар давлатҳо интиқол дода мешавад.

Вазорати тандурустӣ, кор ва ҳифзи иҷтимоии Ҷопон рӯзи якшанбе истифодаи воксани зидди коронавируси тавлиди ширкати амри коии Pfizer-ро тасдиқ намуд.

Аргентина боз 400 ҳазор дозаи воксани русии "Спутник V"-ро дарёфт кард.

Қарор аст Мексика аввали даҳаи сеюми ин моҳ аввалин дозаи воксани «Спутник V» -ро дарёфт кунад. Дра ин бора президенгти ин кишвар Андрес Мануэл Лопес Обрадор хабар дод.

Аввалин дозаҳои воксан аз COVID-19 «Спутник V» ба Венесуэла расид.

Дар Русия дуюмин бор аст, ки дар як шабонарӯз аз 15 ҳазор нафар камтар гирифторон ба қайд гирифта мешавад.

Қазоқистон эълон кард, ки шабонарӯзи гузашта 837 сироятшудаи навро сабт кардааст. Ҳоло дар ин кишвар 23 828 нафар табобат мегиранд. Ҳолати 244 бемор вазнин гузориш шудааст ва ҳоли 51 нафари дигар зиёд вазнин. 42 бемор нафаси сунъӣ мегиранд.

Қазоқистон низ воксани русии "Спутник V"-ро ба қайд гирифт. Дар айни замон ин воксан дар Русия, Белорусия, Аргентина, Боливия, Сербистон, Алҷазоир, Фаластин, Венесуэла, Парагвай, Туркманистон, Маҷористон, Иморати Муттаҳидаи Араб, Эрон, Гвинея, Тунис, Арманистон, Мексика, Никарагуа, Ҷумҳурии Сербистон (Босния ва Ҳерзоговина), Лубнон, Мянмор, Покистон, Муғулистон, Баҳрайн, Черногория ва Сент-Винсент ва Гренодинҳо сабт шудааст.

Қирғизистон аз ифшои бо 34 ҳодисаи нави гирифторӣ ба вируси корона иттило дод. Аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар 85 475 нафар ба SARS-CoV-2 олуда шуданд. 

Дар Ӯзбекистон 35 мубталои нав ба қайд гирифта шуд ва шумори гирифторон аз аввали ҳамагирӣ ба 79 416 нафар расид. Дар гузориши вазорати тандурустии Ӯзбекистон омадааст, ки “дар айни замон 904 нафар табобат мегиранд, ҳоли 153 нафар вазнин ва 28 нафар зиёд вазнин гузориш мешавад”.