Covid-19: Шумори гирифторон дар олам аз 59 миллион гузашт. Дар ИМА эмкунии саросарӣ аз Covid-19 11 – уми декабр оғоз мешавад
Чоп шуд: 23/11/2020 | redaktor
Субҳи имрӯз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз сирояти 59 миллиону 037 ҳазору 491 нафар ба Covid-19 дар олам хабар дод. Шабонарӯзи гузашта боз 158 ҳазору 655 нафар ба ин вирус сироят шуданд ва 2 407 нафар фавтиданд. Аз оғози ҳамагирӣ то ба кунун 1 миллиону 394 ҳазору 511 нафар ҷон бохтанд. Шумори пурра муолиҷашудагон 40 миллиону 797 ҳазору 173 нафар эълон шуд ва гуфта мешавад...