Ҷасадҳои якбаста дар об. Зарфи ду рӯзи охир ду ҷасади сокинон аз обҳо ёфт шуданд

Зарфи чанд рӯзи охир наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз обҳои кишвар ҷасади ду ғарқшударо берун оварданд, ки яке аз онҳо кӯдак буд.

Чунончӣ, 30 январи соли равон соати 14:07 дақиқа аз навбатдори Раёсати ВКД шаҳри Душанбе хабар расид, ки дар қаламрави деҳаи Сароби ҷамоати Зайналободи ноҳияи Рӯдакӣ зери ях ҷасади як писарбача дида мешавад.

Дастаи наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуд. Ғаввосон вориди об шуданд ва ҷасадро берун оварданд. Баъдан маълум шуд, ки вай як кӯдаки чаҳорсолаи сокини ҳамин деҳа будааст.

Ҷасади писарак ба волидонаш супурда шуд. Сабаби марги ногаҳонӣ лижатозӣ болои ҳавзи об бе назорату ҳидояти волидон буд.  

Ҷасади дуюмро имдодгарон аз дарёи Вазоб берун оварданд. Хабари он соати 7:30 дақиқаи субҳи имрӯз, 1 феврал тавассути посбони истгоҳи барқӣ расид. Ӯ мегуфт дар канал ҷасадеро мебинад, ки шахсияташ номаълум аст.

Имдодгарон ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ғаввосони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ҷасадро аз об берун оварданд. Маълум шуд, ки вай сокини 37-солаи деҳаи Навободи ноҳияи Варзоб буда, 7 декабри соли 2020 аз хона баромада, бедарак шуда буд.   

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон хоҳиш мекунад эҳтиёткор бошанд, нисбати пайвандон ва азизонашон бетаваҷҷуҳӣ накунанд. Бахусус, кӯдаконро дар чунин фасли сард беназорат нагузоранд.