COVID-19: Шумори гирифторон дар олам аз 63 миллион гузашт. Донишмандони Чин мегӯянд SARS-CoV-2 шояд соли 2019 аввал дар Ҳиндустон пайдо шуда бошад
Чоп шуд: 30/11/2020 | redaktor
Субҳи имрӯз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба коронавирус дар оламро 63 миллиону 073 ҳазору 287 нафар эълон кард. Ин созмон гуфт, ки то кунун дар саросари ҷаҳон аз КОВИД-19 1 миллиону 465 ҳазору 186 нафар фавтидаанд. Шумори муолиҷашудагон 43 миллиону 546 ҳазору 388 нафар буда, имрӯз дар бемористонҳои олам 105 ҳазору 549 нафар ҳоли вазнин доранд.