Таҷлили Наврӯз дар қисми низомии Кумита воқеъ дар вилояти Суғд

Дар қисми низомии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд.
Чорабинӣ бо ироаи суруди миллӣ оғоз гардид. Сараввал полковкник Собирзода Ширинҷон Собир - муовини сардори Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ба сухан баромада, табрикоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи

Паёмадҳои сели рӯзи 21-уми март: корҳои бартарафсозӣ идома доранд

Корҳои бартарафсозии оқибатҳои борони селосо дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияи Рӯдакӣ идома доранд. Бино ба гузоришҳои расида аз минтақаҳо бо талоши дастаҷамъии сокинон ва кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои маҳаллӣ манзилҳои зери обмондаи сокинон аз обу лойи сели азим тоза мешаванд.

Теъдоди сироятшудагон ба вируси короно ба 300 ҳазор нафар наздик шудааст

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод, ки зарфи як шабонарӯз дар олам 32 ҳазор нафар ба вируси Covid-19 сироят шуданд ва теъдоди умумии беморони Covid-19 дар саросари ҷаҳон ба беш аз 266 ҳазор нафар расидааст. Аз ин беморӣ то кунун дар олам беш аз 11 ҳазор нафар фавтидаанд. Аммо донишгоҳи Хопкинси ИМА мегӯяд теъдоди сироятшудагон аз 300 ҳазор гузаштааст.

Садама дар роҳи Душанбе-Рашт як кушта ва 7 захмӣ ба ҷой гузошт. КҲФ ҳушдор медиҳад: Эҳтиёт кунед!

Соати 1330 дақиқаи рўзи 20 – уми марти соли 2020 дар километри 115-уми шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш, мавзеьи дашти Сороғи ноҳияи Нуробод автомашинаи тамғаи Хундай-старекс рақами давлатиаш 01-36 SS 07 ба харсанги азим бархӯрдааст ва дар натиҷа як мусофир дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, 7 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористони Нуробод бистарӣ шудаанд.

Селҳои харобиовар дар кишвар. Шарҳи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Баҳор ва рӯзи аввали Наврӯз барои баъзе ноҳияҳои кишвар нобарор омад. Боронҳои шадид дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияи Рӯдакӣ сабаби омадани сели харобиовар шуд. Як сокини 59-солаи Хуросон дар ин сел ба ҳалокат расид. Ба қитъаҳои наздиҳавлигӣ, роҳҳо, заминҳои кишт ва ҳавлиҳои сокинон зарар расид, ки ҳаҷми он муайян карда мешавад.

Страницы