КҲФ: Дар Шуғнон тарма муваққатан роҳро баст. Хатар рафъ нашудааст, эҳтиёт кунед!!!
Чоп шуд: 03/01/2025 | redaktor
Ҳамчуноне пештар ҳам хабар дода будем, дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ то 5-уми моҳи январ хатари тармаву ярч ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ боқӣ мемонад.
3 январи соли 2025, соати 05:40 дақиқа дар километри 614-уми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Мурғоб, ки аз ҳудуди маинтақаи Ригувеси ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон мегузарад, тарма роҳро муваққатан баст.
Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада техникаи хадамоти роҳи вазорати нақлиёт дар ноҳияи Шуғнон ҷалб карда шуд. Кори рафъи паёмадҳои офат идома дорад.





