Ҳалокати чор узви як оила дар сӯхтори хона. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз сӯхтори мудҳише хабар дод, ки бар асари он чор узви як оила ба ҳалокат расидаанд. Ин сӯхтор субҳи имрӯз, 25-уми феврал, соати тахминан 03:04 дақиқа рух додааст ва сабагори марги фоҷеавии чор узви як оила шудааст.
Тибқи маълумоти навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи

Эълони озмуни байналмилалӣ

Бо мақсади таҳкими зарфиятҳои идораи хатари офатҳои табиӣ дар доираи Нақшаи хариди “Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ”, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд татбиқ мекуннад, ҷиҳати харидории техникаи радиолакатсионӣ ва махсус барои Хадамоти зиддижолаи КҲФ озмуни байналмилалӣ эълон мешавад. 

Вируси короно: Ҳушдори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба кишварҳои олам

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба ҳама кишварҳои олам ҳушдор дод, ки барои эпидемияи фарогири короновирус омода шаванд. Ин созмон дар баёнияи ахири худ навишт, ки ҳарчанд ҳоло хатари эпидемия таҳдид намекунад, вале эҳтимолияти бурузи густардаи вирус вуҷуд дорад. Эпидемия ба он ҳолате гуфта мешавад, ки агар беморӣ басо ба осонӣ аз фард ба фарди дигар дар бисёр нукоти олам гузарад.

Ширкати бонувони Раёсат дар барномаи телевизонӣ

Бонувони низомипӯши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар барномаи телевизионии “Печутоби замон”, ки аз тариқи ширкати телевизион ва радиои вилоятии “СМ-1” таҳияи мешавад, ширкат карданд. Ҳадаф аз ширкат дар байни аҳолӣ паҳн намудани натиҷаҳои назаррасу касби пурмасъулияти бонувони хизматчии Раёсат, баланд бардоштани

Рӯзи дарҳои кушод бахшида ба 27-солагии таъсиси Артиши миллӣ

Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд бахшида ба 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиёда аз 80 нафар хонандагони омўзишгоҳи кабї техникии №56-и шаҳри Хуҷанд Рӯзи дарҳои кушод баргузор кард. Дар қисмати аввали чорабинӣ хонандагон ба се гурўҳ тақсим шуда, подполковник Муҳиддин Абдусамадович дар синфхонаи маркази таълимию методии

Страницы