24% сироятшудагони нав дар Русия аломати маъмулии КОВИД-19 надоштанд. Дар Тоҷикистон шумори мубталоёни нав дар қиёс ба як рӯзи пеш 2 нафар афзудааст
Чоп шуд: 25/09/2020 | admin
Субҳи 25 сентябри соли 2020 шумори сироятшудагон ба КОВИД-19 дар ҷаҳон 32 миллиону 421 ҳазору 74 нафар эълон шуд. Дар як шабонарӯз дар саросари олам 91 ҳазору 714 нафар чун сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуданд. Аз оғоз то ба имрӯз дар олам аз коронавирус КОВИД-19 987 ҳазору 824 нафар ҷон бохтанд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон теъдоди сироятшудагони навро 45 нафар эълон кард, ки дар қиёс ба як рӯзи пеш