Таҳдиди ҷаҳонии короно. Италия дар карантини комил. Эҳтимоли эълони пандемия афзудааст
Чоп шуд: 10/03/2020 | adminХабарҳо аз сирояти густардаи вируси короно дар Аврупо нигаронкунанда аст. Италия чун кишваре, ки мизони болои сироятшудагону фавтидагон бар асари ин вирусро дорад, ахиран аз карантини густарда хабар дод. Дар ин кишвар хуруҷу вуруди безарурат манъ аст. Аввал шимоли кишвар дар карантин эълон шуд, вале мақомот дигар натавонистанд аз хуруҷи ҳазорон нафар аз минтақае, ки ба гуфти онҳо офатзада аст,