Тозатарин хабарҳо аз короно Covid-19

Мухтасари хабарҳо:   

Шумори фавтидагон аз вируси короно дар Чин ба 2112 расид.
Бештар аз 74 ҳазор нафар чун сироятшуда сабт шудаанд.
Бар асари сироят ба ин беморӣ ду шаҳрванди Ҷопон аз ҷумлаи мусофирони киштии тафреҳӣ фавтиданд.

Барқияи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқия ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент,
Ба Шумо барои изҳори дастгирӣ дар раванди муборизаи Чин

Ҳамлаи садҳо миллиард малах ба киштзорони Африқо: СММ ҳушдор медиҳад. ВИДЕО

Созмони ҷаҳонии маводи ғизоӣ ва кишоварзии СММ аз ҳамлаи анбуҳи малахҳо ба киштзорони Африқо хабар дод. Ин манбаъ гуфтааст, ки дастаҳои анбуҳи малах, ки машғули нобуд кардани маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақаҳои шарқии Африқо буданд, ҳоло ба Судони Ҷанубӣ расиданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки миллионҳо нафар сокинони ин кишвар баъди ҷанги дохилӣ ба камбуди фазояндаи маводи ғизоӣ рӯ ба рӯ мебошанд.

Ҷасади як марди 48-сола дар соҳили рӯди Ғунд пайдо шуд

Ҷасади як сокини ҳудудан 50-солаи ноҳияи Шуғнон, ки аз охири моҳи ноябри соли гузашта бедарак буд, ахиран аз соҳили дарёи Ғунд пайдо шуд. Муддати ин се моҳ пайвандонаш ҳамроҳ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро меҷустанд ва нишоне то кунун пайдо набуд. Аммо дирӯз пас аз як занги телефонӣ ба бахши навбатдории Раёсати КҲФ дар Хоруғ кормандони наҷот ҷасади ӯро пайдо ва ба маркази вилоят интиқол доданд.

Заминларзаи дирӯз вайроние надошт

Заминларзае, ки рӯзи 18-уми феврали соли равон соати 16:28 дақиқа дар қаламрави кишвар ба қайд гирифта шуд, хисороте надошт. Бино ба гузориши идораи зилзиласанҷии Тоҷикистон маркази он 350 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе , 235 километр ҷанубу шарқи ноҳияи Рашт буд.

Рӯзи гузашта соати 16:28 дақиқа замин дар қаламрави

Страницы