Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар такроран ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки 17 майи соли 2024 дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ҳавои гарду ғубор боқӣ мемонад, аммо 18 май боронҳои пуршиддат меборанд ва ва раъду барқ ва бориши жола низ эҳтимол дорад. Дар гузориш омадааст, ки шамол бо суръати 4-9 м/с мевазад ва баъзан шиддати он ба 10-15 м/с хоҳад расид.
Рӯзҳои 16-17 дар навоҳии ҷанубии водии Ҳисор, баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон (Хуросон, Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Даштиҷум) омадани селҳо дар назар дошта шудааст.
Дар қаламрави вилояти Хатлон рӯзҳои 17-18 май ва шаби 19-уми май борон меборад. 18 майи соли 2024 дар ноҳияҳои ҷудогона бориши борон шиддат мегирад ва раъду барқ ва бориши жола низ имкон дорад. Шамол аз самти ғарӣ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. 18 май дар баъзне навоҳи шиддати вазиши бод то 13-18 метр дар як сония хоҳад вазир. Рӯзи 17 май ҳавои пурчангу ғубор дар як қатор ноҳияҳои боқӣ мемонад.
18 май дар баъзе ноҳияҳи тобеъи ҷумҳурӣ: шаҳри Душанбе (Лучоб, Худҷамбиё, Чорбоғ, Фурудгоҳ, километри 9-ум), шаҳр ва ноҳияҳо (Норак, Роғун, Ваҳдат - махусусан Симиганҷ, Ромит, Файзобод, Дарбанд, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш, Рӯдакӣ, Варзоб, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, Қаратоғ), шарҳо ва ноҳияҳои вилояти Хатлон (Ёвон, Хуросон, А.Ҷомӣ, Восеъ, Данғара, Балҷувон, Ховалинг, Кӯлоб, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Даштиҷум), шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Суғд (Пенҷекент, Айнӣ, Масчои Кӯҳӣ, Шаҳристон, Истаравшан, Деваштич), ҳамчунин ғарби ВМКБ (Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Хоруғ) хатари омадани селҳо вуҷуд дорад.
Ҳамчунин рӯзи 18 май дар аксар ноҳияҳои ҷумҳурӣ раъду барқ ва боридани жола дар назар дошта шудааст.
Рӯзҳои 17-19 майи соли 2024 болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Зарафшон, Обихингоб, Сурхоб, Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд (Варзоб, Лучоб, Харангон, Элок) пешбинӣ мешавад.
Дар робита ба ин, Кумита бо мақсади пешгирии садамаҳои марбут ба оқибатҳои эҳтимолии шароити обу ҳаво бори дигар ба идораҳои мутасаддӣ ва аҳолӣ муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки ҷиҳати пешгирии оқибатҳои омадани сел каналҳо, селроҳаҳо, ҷӯйборҳоро тоза кунанд.
Аз волидон хоҳиш карда мешавад фарзандони нобилиғашонро беназорат нагузоранд, онҳоро ба моҳидориву чорвочаронӣ ва ғунучини гиёҳҳои шифобахш нафиристанд.
Ба сайёҳон тавсия дода мешавад, ки дар чунин рӯзҳо аз сайёр саёҳатҳо ба мавзеъҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Шахсони гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд ва бемориҳои роҳи нафас дар ин рӯзҳо бояд тамоми чораҳои эҳтиётии тиббиро бинанд. Захираи доруҳои лозимро бояд ҳамеша дар худ дошта бошанд.
Дар ҳолатҳои фавқулодда шаҳрвандон метавонанд ба КҲФ бо рақамҳои 112 ё 93 880 28 19, 88 400 01 01 занг зананд.