Ғарқшудагони нав: Ҷасади як марди номаълум дар соҳили дарёи Душанбе, марги ду нафар дар Шоҳдара

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе аз кашфи як ҷасади марди ношинос дар соҳили дарёи Душанбе хабар дод. Тибқи иттилои раёсат рӯзи 17-уми июли соли равон, тахминан соати 14:00 дақиқа намояндаи ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ ба навбатдори фаврии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки ҷасаде дар соҳили дарёи Душанбе...

Covid-19 : Олам дар гирдбоди авҷи нави коронавирус. Президенти Туркманистон бори аввал бо ниқоб дар телевизион зоҳир шуд

Шумори сироятёфтагон ба Covid-19 дар Ҳинд ба беш аз як миллион расид. Дар Бразилия змёда аз 2 миллион нафар аз ин беморӣ ранҷ мебаранд. Дар ИМА сирояти шабонарӯзӣ бори дигар ба ҳадди рекордӣ расид. Сарвазири Бртанияи Кабир ба ин умед аст, ки кишвараш то Соли Нав ба ҳоли одӣ бармегардад. Бино ба маълумоти Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинс аз аввали ҳамагирӣ дар олам 13,8 миллион нафар ба вируси

Сарбозон сержант мешаванд, то дигаронро омӯзанд

Дар маркази таълимии қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади омӯзишӣ-методӣ оид ба омодасозӣ ба давраи нави омӯзишии ҳайати сержантҳо аз ҳисоби сарбозоне, ки ҳоло дар хизматанд, оғоз шуд. Хизматчиёни ҳарбӣ  омодагии умумиҳарбиро бо унсурҳои тайёрии махсус дар пойгоҳи маркази омӯзишӣ меомӯзанд.

Фаъолияти кормандони Раёсати КҲФ дар ВМКБ дар соҳили обҳои вилоят

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуъи чорабиниҳои пешгирӣ ва таъмини бехатарии шаҳрвандон дар давраи тобистонро идома медиҳанд. Пӯшида нест, ки истироҳат дар соҳили обҳо ғайр аз шодиву фараҳ боз метавонанд мусибату фоҷеа низ орад. Калонсолон метавонанд аз риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ва...

Мулоқоти таблиғотӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ

Бо мақсади пешгирӣ за густариши вируси корона кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо намояндагони кумитаи ноҳиявии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ намуданд. Бо ёрии техникаи махсуси таблиғотии КҲФ ва бо намоиш додани наворҳои...

Страницы