Оғози нишасти хабарии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда. Генерал Назарзода аз 178 ҳодиса дар шаш моҳи сипаришуда хабар дод
Чоп шуд: 23/07/2020 | admin
Нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд. Генерал-лейтенант Рустам Назарзода-Раиси Кумита иброз дошт, ки зарфи шаш моҳи соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 178 ҳадисаи фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуд. Аз ҳисоби умумии ҳодисаҳои сабтшуда 17 ҳодиса ба хоҷагии халқ зарари моддӣ расондааст.