Созмони Милали Муттаҳид хостори 10,3 миллиард ёрии башарӣ барои мубораза бо КОВИД - 19

Созмони Милали Муттаҳид хостори ҷамъоварии 10,3 миллиард доллар барои мубориза бо коронавирусн КОВИД-19 дар саросари олам шуд. Ин бузургтарин даъвати ёрии башарӣ аз кишваҳои сарватманд дар ҷаҳон аст. Дар гузориши ин созмон омадааст, ки эҳтимол дорад то охири соли равон бар асари пандемияи КОВИД-19 дар ҷаҳон 265 миллион нафар дучори гуруснагӣ шаванд. СММ мегӯяд ин пулҳои дархостшуда ба мамолике дода...

Ҷасади як марди 56-сола дар соҳили Сир пайдо шуд

Сокинони атроф зӯҳри рӯзи 16-уми июл дар соҳили дарёи Сир, воқеъ дар даромадгоҳи деҳаи Сартуқай сару либоси мардеро пайдо карданд. Худи ӯ дар ин атроф наменамуд, ҳарчанд ҷустанд, дар наздикиҳо шахсеро пайдо накарданд, ки белибос гардиш кунад. Пай бурданд, ки ин ҷо шояд касе ғарқи дарё шуда бошад. Навбатдори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ин хабарро ба қисми навбатдории Раёсати Кумита дар  вилояти Суғд расонд.

ҲУШДОР: Хатари коронавирус ҳамоно таҳдид мекунад. Эҳтиёт кунед! (ВИДЕО)

Дар  Тоҷикистон хатари паҳн шудани коронавирус КОВИД-19 боқӣ мондааст, аз ин рӯ ба шаҳрвандон лозим меояд ҳамоно эҳтиёткор бошанд, тадбирҳои бехатариро ҳифз кунанд ва тибқи қоидаҳои беҳдоштӣ амал намоянд. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоташон бо сокинони кишвар дар ҳамин бора изҳори 

Оташи гази табиӣ то 55 дарсад бадани як ноболиғро дар ноҳияи Ҳисор сӯзонд. Чаро волидон ба ин ҳад бепарвоянд?

Духтари 14-сола аз деҳаи Обшорони ноҳияи Ҳисор ҳангоми оташ гирондани балони гази табиӣ бадани худро сӯзонд. Ин амал аз беэҳтиётӣ сар садааст ва ҷараёни ҳодиса маълум нест. Ноболиғро фавран ба бемористон бурданд ва баъди муоина духтурон гуфтанд, ки 50-55 дарсади ҳиссаи баданаш сӯхтааст. Ҳоло ӯ дар беморхонаи рақами 3 шаҳри Душанбе бистарист.

Ду ноболиғи ғарқшуда дар ноҳияи Ванҷ: Яке наҷот ёфт, дуюмӣ фавтид. Аз 34 ғарқшудаи шаш моҳи охир 10 нафарашон ноболиғонанд

Боз ҳам аз беэҳтиётӣ ду навраси 12-сола дар об ғарқ шуданд. Сокинон ҳардуро наҷот доданд, яке дар роҳ ба бемористон фавтид, дуюмӣ ҳоло бистарист. Ин ҳодиса рӯзи гузашта, 14-уми июл дар ҳавзе воқеъ дар деҳаи Пайшанбеободи ноҳияи Ванҷ рух дод. Наврасони 12-сол, ки бе роҳбаладии калонсолон дар ҳавз машғули оббозӣ буданд

Страницы