Марги як марди 65-солаи хуросонӣ, ки мехост селро наворбардорӣ кунад
Чоп шуд: 16/05/2020 | redaktor
Баъд аз зуҳри дирӯз, 15-уми майи соли равон, тахминан соати 15:45 дақиқа як сокини 65-солаи деҳаи Гулистони ноҳияи Хуросон ҳангоме мехостааст бо телефони дастӣ ҷараёни омадани сел ва борони пуршиддатро наворбардорӣ кунад, ба умқи 25-30 метр фурӯ рафтаву зери лой монда, ба ҳалокат расидааст. Ба ҷои ҳодиса сардори бахши ноҳия, наҷотдиҳандагони дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати вилоят ва хешу наздикони...