Зарари селу жола дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд. Зарбаи 17 мушаки зиддижола ба абрҳои жоладор
Чоп шуд: 13/05/2020 | redaktor
Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд зуҳри рӯзи 12-уми майи соли 2020, дақиқан соати 13:40 дақиқа бар асари борони пуршиддат дар ноҳияи Шаҳристон, ҷамоати деҳоти Турсунзода сел омада, 1 адад пули маҳаллӣ зарар дида, корҳои бартарафкунӣ дар ин самт идома дорад.