Беш аз 42 миллион сомонӣ зарари ҳодисаҳои фавқулода дар вилояти Суғд

Зарфи шаш моҳи сипаришуда дар қаламрави вилояти Суғд 260 ҳодисаҳои фавқулодда ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он 64 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд. Ҳодисаҳои табиӣ ва техногенӣ дар 6 моҳ ба  иқтисодиёти вилоят 42 миллиону 986 ҳазору 544 сомонӣ зарар овраданд.  Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли 2019 дар ҳудуди вилоят 322 ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти ба амал омада...

Гурӯҳи муштараки корӣ вазъи деҳаҳои зарардида аз заминларза дар Тоҷикободро меомӯзад

Заминларзаи рӯзи  4-уми июли соли равон дар чанд деҳаи дараи Нушори ноҳияи Тоҷикобод зарар овард. Бино ба маълумоти Комиссияи ҳолатҳои фавқулода, ки дар маҳалли ҳодиса фаъолият дорад, алҳол зарари расида ба хонаҳои истиқоматии сокинони ҷамоати Нушор, деҳаҳои Ширинчашма, Сари Най ва Себистон, Ғанишоб ва Сафедоб баррасӣ мешавад. Гуфта мешавад, ки дар ин деҳаҳо манзили баъзе сокинон қисман зарар дидаанд.

Изҳори ҳамдардии Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳамтои ҷопонии худ дар иртибот ба обхезии ахир дар Ҷопон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо интишори як хабар аз гуфтугӯи телефонии Сироҷиддин Муҳриддин-Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо бо Тосимитсу Мотэги-Вазири корҳои хориҷии Ҷопон хабар дод. Манбаъ навишт, ки дар оғози суҳбат сарвари идораи дипломатии Тоҷикистон ба ҳамтои ҷопонии худ дар иртибот ба талафоти ҷониву хисороти зиёди моддӣ бар асари обхезӣ ва ярч дар ҷануби Япония изҳори ҳамдардӣ кард.

Нигаронии коршиносони СММ аз афзоиши сирояти бемориҳои ҳайвон ба инсон

Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид ба ин назаранд, ки КОВИД-19 зарфи ду соли оянда ҳудуди 9 трилион доллар харҷ рӯйи дасти кишварҳои олам хоҳад гузошт. Онҳо афзоиши эпидемияҳое чун КОВИД-19-ро ба кишоварзӣ, чорвопарварии нопойдор, боло рафтани талабот ба гӯшт ва паёмадҳои гармоиши замин рабт медиҳанд. Онҳо ҳамчунин гуфтаанд, ки ҳар сол бар асари бемориҳои...

Шумори куштагони сели азим дар Ҷопон ба 52 нафар расид (ВИДЕО)

Ба асари сели азим дар Ҷопон 52 нафар ба ҳалокат расиданд. Мақомот гуфтанд, ки бештар аз 10 нафари дигар бенишон гум шудаанд ва аз сарнавишти онҳо хабаре нест. Дар префектураҳои  Фукуока, Сага ва Нагасаки ҳолати хатарнок эълон шудааст. Ин вилоятҳо дар қисмати ҷанубӣ-ғарбии мамлакат ҷойгиранд.  Ҳокимони кишвар аз эҳтимоли обхезӣ ва зери об мондани манзилҳои истиқоматӣ ҳушдор...

Страницы