Мулоқоти кормандони КҲФ бо коргарони корхонаи муштараки Чину Тоҷикистон “Нуриҳои Осиё”

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо коллективҳои меҳнатӣ пайваста вохӯриҳо мегузаронанд. Ин гуна дидору мулоқот аксар вақт дар шакли муколама доир мешавад. Шаҳрвандон ба ҳама суолҳои худ роҷеъ ба масъалаҳои амнияту бехатарӣ ва муқобилият бо офатҳои табииву ҳолатҳои фавқулода посух мегиранд.

Чунончӣ, 11-уми июли соли 2019 кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон бо кормандони корхонаи кимиё, ки дар Тоҷикистон калонтарин корхона дар тавлиди нуриҳои минералӣ ба шумор меравад, дарс гузарониданд. 

Зилзила шуд дар Ҳоит...Ёде аз фоҷеаи 70 сол пеш

Ин шояд як мисра аз шеъри мардумӣ буд, ки замоне шунида будам ё хонда. Ва мисраҳои баъдии онро ёд надорам. Танҳо чизе дар хотирам аз зилзилаи Ҳоит нақш бастааст, он аст, ки миёнаҳо солҳои 80 бо талоши зумрае аз зиёиёни бедор аз фоҷеаи мудҳиш ёд шуд. Пештар касе аз он ёд намекард, ба ҷуз хонаводаҳои қурбониён, ки онҳо низ паҳну парешон дар гӯшаи хоки Тоҷикистон буданд. Ва ин навиштаи як соли пеш аст. Бо таваҷҷуҳ ба ҷиддияти заминларза ва талафоти бузургаш чун ёде аз қурбониёни он заминларза, дубора рӯйи саҳфа меорем.

ГАРМОИ ШАДИДИ РӮЗҲОИ ОЯНДА: Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Гармои шадид баъзан фалокатбор аст. Бахусус дар манотиқи куҳӣ, ки об шудани барфу пиряхҳо хавфи беандозаи обхезӣ доранд. Аз оби зиёд рӯдхонаҳо фаровон мешавад, об аз соҳил берун меравад, ба ҷони одамон ва молу мулку зистгоҳашон хавф таҳдид мекунад. Ин аст, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи ҳамватанон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки аз ҳавои гарму хушки рӯзҳои оянда эҳтиёт кунанд!

Таҳкими ҳамкориҳои КҲФ ва Академияи тиҷорати байналмилалӣ ва рушди иқтисоди Чин

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода имрӯз, 10-уми июл ҳайати Академияи тиҷорати байналмилалӣ ва рушди иқтисоди Ҷумҳурии Мардумии Чин бо сарварии Муовини аввали Раиси Академияи мазкур хонум Мао Сяодҷинро ба ҳузур пазируфт.

Шумори ҳалокшудагон дар обҳои кишвар ба 64 нафар расидааст

То 9 июли соли 2019 ба асари риоя накардани  қоидаҳои шиноварӣ дар кишвар 64 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки 28 нафари онҳо то 16-сола, синни 36 тани онҳо болотар аз 17 сола мебошандКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони кишвар ҳушдор медиҳад: ҳангоми оббозӣ қоидаҳои шиновариро ҷиддан риоя кунед!

Страницы