CОVID-19: Шифоёфтагон 1008 нафар, фавтидагон 44 нафар
Чоп шуд: 22/05/2020 | redaktor
Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумори касонеро, ки зери назорати табибон қарор доранд, 3253 нафар эълон кард. Дар хабаре, ки ахиран ин ниҳод интишор дод, гуфта мешавад, ки то бегоҳи 21-уми майи соли равон дар мамлакат 3253 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 611 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.