Пажӯҳиш: Оё Замин ҳам мемирад?

Ҳар касе каме маълумот ва дониш дар бораи кайҳоншиносӣ дорад, ба ин назар ҳатман бовар мекунад: замоне фаро хоҳад расид, ки Замин ҳам мемирад. Аммо суоли КАЙ? як суоли беҷавобест, ки шояд асрҳо инҷониб донишмандон  матраҳ мекунанд, аммо посухашро пайдо намеёбанд. Аниқтараш посухи дақиқи онро.

Марги Замин аз ду роҳ имконпазир аст: биологӣ ва геологӣ. Тибқи маълумотҳои илмӣ Замин 4,5 миллиард сол пештар пайдо шуд. Як миллиард сол пеш дар он ҳаёт арзи вуҷуд кард. Дар ин миён чӣ давраҳоеро, ки аз сар нагузаронд: яхбандиҳои саросарӣ, тӯфонҳои азиму ларзишҳои ҳалокатбор, бархӯрдҳо бо астеродҳо, чандин маргумирҳои фарогир ва ғайра. Танҳо дар ҳамин як чанд соли охир Замин ҷанги ҳастаиро ҳам дидпушти сар гузошт ва тағйири иқлимиро ҳам. Аммо бо ин ҳама донишмандон ҳамоно ба суоли Замин кай мемирад, посух наёфтаанд. Вале ин ҳақиқат гӯшзад шуда, ки билохира замоне ин ҳол рух медиҳад ва Замин-ин Сайёраи муҳташаму сабз аз байн меравад. 

Таъсири инсон ба ояндаи Замин

 Маргумири шашум, ки илм аз он ба унвони  маргумири ҳолосенӣ (анг. Holocene – номи ахири даври заминшиносӣ аст дар поёни Плейстосен шуруъ ва ҳамчунон то ба имрӯз идома дорад. Яке аз давраҳои антропоген ба шумор меравад) бар асари дахолати мустақими худи инсон ба фаъолияти замин рух медиҳад. Бино ба маълумоте, ки дар Маърӯзаи арзёбии ҷаҳонии гуногунии биологӣ ва хадамоти экоистемии соли 2019 қариб миллион намуди ҳайвонот ва рустаниҳо зарфи чанд даҳсолаи оянда бар асари таъсири инсон аз миён меравад. Шуруъ аз солҳои 1950 қисмати инфиҷории шумори ҷамъияти олам дар натиҷаи комёбиҳои технологии инсон таъсири беназири экосистемӣ ба Замин расонда меояд. Бисёре аз гунаҳои пистондорон, хазандаҳо, моҳиҳо ва бемуҳраҳо, ки замоне сокинони ин Замин буданд, ҳоло мурдаанд. Аз онҳо ном мондаву нишони зиндае намонда.  Шиддати кунунии марги гунаҳои мухталифу ҳавонот ва рустаниҳо бино ба арзёбии олимон ҳазорон баробар  бештару зудтар аз марумирҳои пешин аст. Баъди инқилоби саноатии олам ҷамъшавии ангидриди карбон дар фазо 30 дарсад афзудааст. Чанд усулу шевае маълум аст, ки амали инсон сабабгори марги онҳо мешавад ва фоҷеаи ҳастаӣ, ҳалокату фалокатҳо бар асари озмоишҳои ҳастаӣ ва ё бемории муҳандисиву генетикӣ аз ин қабиланд.

Ҷанги ҳастаӣ ё озомишҳои ҳастаӣ

Силоҳи ҳастаӣ кашфиёти басо муҳими инсон дар асри ХХ буд ва он дар оянда бидуни шак метавонад як хатари басо муҳиму фалокатбор барои кулли оламиён ва худи Замин бошад. Як амалиёти миқёсан бузурги ҳастаӣ метавонад рӯйи заминро аз ҷони зинда пок созад ва дар ин Сайёра “зимистони ҳастаӣ”-ро ба вуҷуд орад.  Аз нигоҳи  назариявӣ фурӯнишинии радиоактивӣ баъди  таркиши силоҳи ядроӣ қисмати азими нури мустақими офтобро, ки ба сатҳи замин фуруд меояд, масдуд месозад ва ин боис мешавад дамои ҳаво хеле сард шавад, рустаниҳо аз сабзиш бимонанд ва гуруснагии саросарӣ фаро расад, ки дар илм бо истилоҳи “қаҳтии ядороӣ” ёд мешавад. Тибқи таҳқиқоте, ки соли 1983  аз ҷониби як гурӯҳ донишмандон гузаронида шуда буд, сатҳи баланди нури ултрабунафш, ҳарорати паст ва  биниш  метавонад системаҳои ҳаётан муҳими тамаддунро хароб созад.  Ҷанги ҳастаии васеъмиқёс эҳтимолан паёмадҳои вазнине хоҳад дошт, ки солҳо аз миён намеравад.

Таҳдиди астероидҳо ва кометаҳо

Зарбаи астероидҳо ё худ шиҳобҳои осмонӣ, ки наздик ба 66 миллион сол пеш рух дода буд, як омили асосӣ барои аз рӯйи Замин пок шудани динозаврҳо шуда буд. Ва ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки ҳамин гуна як ҳодиса дер ё зуд ба вуҷуд меояд ва муҷиби нобудии насли инсон мешавад. Вале ин кай метавонад рух диҳад? Ҳарчанд бархӯрди кометаҳо ва шиҳобҳои осмонӣ як рӯйдоди маъмулӣ дар манзумаи Шамсист, вале рӯйдоди асосӣ, ки қарор аст таконе бошад, оқибатҳои муҳим дошта метавонад. Агар таърихи Заминро басо мухтасар мурур кунем, ин гуна бархӯрдҳо бештар бо таърихи таҳаввулоти ҳаёт аз зуҳури Моҳ то пайдоиши об, ҳамчунин ба чандин маргумири саросарӣ иртибот дорад. Таҳқиқоти фарогири бархӯрдҳои гузаштаи астероидҳо ишора ба вобастагии мутақобилаи андозаи объектҳо ва суръати бархӯрдашон бо Замин дорад. Астероидҳо (объектҳо) бо қутри 1 км дар ҳар 500 000 ҳазор сол як маротиба ба сайёра бармехӯранд, ин дар ҳолест, ки шиҳобҳои қутрашон 5 км дар 20 миллион сол як маротиба ба Замин бармехӯранд. Охирин бархӯрди астероид бо қутри 10 км наздик ба 66 миллион сол пеш рух дода буд.  Замони зарба ба марзҳои давраҳои табошир (давраи сеюми мезозой) ва палеоген мувофиқат мекунад. Соли 1979 геологҳо як танӯраи бузурги зарбазанро дар Австралияи Ғарбиро мушоҳида карданд. Танҳо ба ҳамин қарибиҳо ба донишмандон муяссар шуд, ки синну соли онро муайян кунанд, ки мегӯянд ин  2,2 миллиард сол пеш рух додааст. Ва ин сол ва муддат боз ҳам ба охири як давраи яхбандии бузург мувофиқат мекунад. Пешбинии бархӯрди астероидҳо ва метероитҳо чандон осон нест. Ин метавонад дар 500 миллион соли оянда ва ё баъди ду миллиард сол пеш иттифоқ афтад.

Инфиҷори партавии комили Гамма

Таркиши гамма, ки ба форсӣ инфиҷори партавии комил меноманд, дар Коинот тасодуфӣ сурат мегирад. Онҳо барои ҳама гуна шаклҳои ҳаёт зараровар ва хатарноканд. Хушбахтона, то кунун он ҳама гамма-таркишҳои сабтшуда берун аз каҳкашони мо сурат гирифтаанд. Ҳаёт ҳам дар ҳамон қисмати каҳкашоне рушд мекунад ва инкишоф меёбад, ки гамма-инфиҷорҳо камтар иттифоқ меуфтанд. Ҳаёт дар Замин бехатар танҳо на аз он аст, ки дар Роҳи Каҳкашон ҷойгир шуда, балки боз аз атмосфераи он ки қисмати бештари нурҳои иониро, ки дарёфт мекунад, фурӯ мебарад. Натиҷаи нисбатан эҳтимолии гамма-инфиҷорҳо дар масфаи 6000 соли нурӣ аз Замин ин афзоиши камтари нурҳои ултрабунафшӣ дар чанд сония аст. Аммо агар (ҳатто дар ҳамин масофа ҳам) роҳи нурпошии гамма-таркишҳо аз Замин убур кунад ҳам, он метавонад басо харобиовар бошад ва сабабгори маргумири умумӣ шавад. Моҳи августи соли 2017 расадхонаҳои кайҳоншиносӣ як гамма-таркиши кутоҳеро дар масофаи наздик ба 130 миллион соли нурӣ аз Заминро дар бурҷи Гидра мушоҳида карданд. Ин гамма-таркиш, ки бо GRB 170817A  ишора шуд, дар натиҷаи ба ҳам омадани ду ситораи нейтронӣ рух дод. Ва ин наздиктарин гамма-таркише буд, ки то кунун ба қайд гирифта шудааст. Ҷолиб он аст, ки илм то кунун дар Роҳи Каҳкашон ин гуна рӯйдод, яъне гамма-таркишро ёд надорад ва ин ҳамоно як муаммои нокушода аз кайҳоншиносист. Аммо муҳаққиқон вақтҳои охир аз рух додани ин ҳолат сухан меронанд ва ба андешаи онҳо ситораи WR 104, ки дар масофаи наздик ба 8 00 соли нурӣ ҷойгир аст, эҳтимол дорад баъди 500 000 сол битаркад. Замоне ин ҳодиса иттифоқ афтад, он замон гамма-таркиш ҳам эҳтимол дорад. Аммо боз ҳам як эҳтимоле вуҷуд дорад, ки сайёраи мо дар сари роҳи нурафкании бузурге қарор бигирад. Афзоиши радиатсияи Офтоб ва аз байн рафтани шаклҳои мураккаби ҳаёт ба Замин ва кулли сайёраҳои манзумаи Шамсӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Ин нерӯ (нури офтобӣ) барои зинда мондани ҳар организми ҷудогона дар рӯйи Замин басо зарур аст.

Аммо оё шумо ягон бор дар ин бора андешидаед, ки ба худи Офтоб чӣ пеш хоҳад омад? Ва он ба кайҳон чӣ таъсире хоҳад дошт? Бо гузашти замон нурпошиву равшанидиҳии Офтоб тадриҷан мефазояд, дар натиҷа қисмати болоии Замин беш аз ҳар вақти дигар нури Офтобро қабул мекунад. Дар айни замон суръати афзоиши нури Офтоб назди ба 1% дар 100 миллион сол аст ва баъди фосилаи замонии 1 миллиард сол он 10% афзоиш меёбад. Тибқи ҳамин арзёбиҳо зарфи 4,5 миллиард соли оянда он 30 дар сад меафзояд.  Бо афзоиши сатҳи радиатсияи офтобӣ ба атмосфераи Замин, маъданҳои силикат бо суръати баландтар бод мехӯранд. Интизор меравад, ки зарфи 600 миллион соли оянда   консентратсияи диоксиди карбон (CO2) аз ҳадди ниҳоӣ поён меравад, ки наметавон тасбити карбон C3-ро ҳифз кард. Дар ин марҳила эҳтимолан коҳиши тадриҷии ҳаёт дар дарахтон ва ҷангалҳо мушоҳида шавад. Гиёҳони алафӣ яке аз аввалин гунаи рустаниҳое хоҳанд буд, ки дар Замин гум мешаванд ва ба дунболи онҳо бешаҳои дорои дарахтон паҳнбарг ва сипас ҷангалҳои ҳамешасабз низ нопадид мегарданд. Коҳиши чашмраси сатҳи гази карбон дар атмосфера муҷиби як сислсила рӯйдодҳое хоҳад шуд, ки дар ниҳояти кор ба нобуд гардидани организмҳои бисёрҳуҷайра оварда мерасонад. 

Уқёнусҳо низ бухор мешаванд

Тахминан баъди 1 миллиард сол, вақте шуои Офтоб ба 10 дарсад мерасад, дамои умуиҷаҳонии ҳаво ба ҳисоби миёна тақрибан ба 47 дараҷа мерасад. Дар натиҷа бо гузашти 100 миллион соли оянда оби уқёнусҳо комилан бухор мешаванд. Вале тахминҳои дигар ҳам дар ин замина вуҷуд доранд. Поин рафтани фишори атмосферӣ метавонад пурра нобуд шудани уқёнусҳои ҷаҳониро муддате боздорад. Бо афзоиши нури Офтоб дамои қисмати болоии Замин баъди 2,8 миллиард сол эҳтимолан то ба 149 дараҷа мерасад. Дар ин гуна шароит интизор меравад биосигнатураи сайёра (Biosignature – зистнишонӣ) низ гум мешавад. Танҳо баъди ин дар сайёра метавон афзоиши пайвастаи болоравии ҳароратро мушоҳида кард. Агар он чизе гуфта шуд, иттифоқ афтад, пас гармо дар Сайёра зарфи 4 миллирад соли оянда ба 1300 дараҷа мерасад.

Манбаъ: https://new-science.ru/

Таҳияи Б.Шафеъ

МАҚОЛОТИ ДИГАРИ ИЛМӢ