Таҳвили воситаҳои нави техникӣ аз ҷониби Сафорати ИМА дар Тоҷикистон

Бо мақсади тақвияти техникии воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дар доираи татбиқи ҳамкориҳои дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода миёни КҲФ ва Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими таҳвили воситаҳои техникӣ баргузор гардид. Манекенҳо барои расонидани аввалин ёриҳои тиббӣ,

Тӯҳфаҳои солинавии Сарвари давлат ба кормандони КҲФ

Дар остонаи Соли нави милодӣ бо фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи ҳайати қатории қисмҳои ҳарбӣ, бонувони хизматчии ҳарбӣ, ҳамчунин хизматчиёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои солинавии Сарвари давлат супурда хоҳанд шуд.

Наҷотдиҳандаи ҷавони Кумита ба ҷоизаи “Ҷасорат ва мардонагӣ”-и Кумитаи ҷавонон шарафёб шуд

Дар шаҳри Душанбе маросими эътои ҷоизаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 доир гардид, ки дар он яке аз наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи  граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷасорат ҳангоми роҳандозии корҳои садамавиву наҷот мукофотонида шуд. Дар ҷараёни маросим ҳамчунин гирандагони ҷоизаи Кумитаи

Рӯзе, ки гузашт: Ҳалокати марди 32 –сола аз сангпартоии ду ҷавон дар Куҳистони Масчо. Сӯхтор дар ошхонаи “Ҳоҷиён”-и пойтахт

Тибқи маълумоти сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд рӯзи 29-уми декабри соли равон дар деҳаи Оббурдон, ҷамоати деҳоти Иван Тоҷики Кӯҳистони Масчо Партавзода Шермуҳаммади 17-сола бо дӯсташ Муллозода Масъудҷони 18-сола аз баландӣ ба зер санг партов кардаанд ва аз зарби ин сангҳо Маҳмадзамон Наврӯзон, сокини ҳамин деҳа ба ҳалокат расидааст.

Шарҳи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар бораи садамаи пурқурбонӣ дар Ваҳдат

Баъд аз зуҳри дирӯз шабакаҳои иҷтимоӣ аз садамаи мудҳише хабар доданд, ки дар роҳи Душанбе-Кӯлоб рух дод ва боиси талафоти ҷонии одамон шуд. Шарҳи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи грждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин қарор аст:

Тибқи маълумоти бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва

Страницы