“Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030” тасдиқ гардид

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки имрӯз, 28 декабр баргузор шуд, “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030”-ро тасдиқ намуд. Стратегияи мазкур қадами дигарест дар таҳкими зарфиятҳои талошҳо барои коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт мебошад.

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе соҳиби техникаи нав шуд

27 декабри соли равон бо мақсади  беҳбуди парки техникии Раёсати  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба воҳиди вокуниши сареъ мошини нави боркаши махсуси РВД тақдим намуд.
Ин техникаи вазнин барои роҳандозии чорабиниҳои

Имзои Ёддошти тафоҳуми кумаки воситаҳои техникӣ барои воҳидҳои наҷоти КҲФ

Маркази дастгирӣ ва ёриҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ барои минбаъд таҳкими зарфиятҳои техникии  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда расонидани кӯмакҳоро идома медиҳад. Тибқи созише, ки имрӯз ба имзо расид, ин Марказ қарор аст ба Кумита булдозеру экскватор ва мошинҳои боркаши пуриқтидор ва ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як адад экскватори тасмачарх таҳвил диҳад.

Соли нави бехатар: Кадом қоидаҳои бехатариро бояд дар шабҳо ва рӯзҳои таҷлили Соли нав риоя кард?

Соли Нав ҷашни деринтизор ва сурурангез аст. Омадани Соли навро мо як соли дароз интизорӣ мекашем, чун бо қудуми он ба хонадони мо шодиву сурур ворид мешавад, хушҳолӣ мекунем, соли куҳанро мегуселонем ва қудуми Соли навро хуҷаста медонем. Аммо ин суруру ин хушиҳои мо бояд ҳамешагӣ бошанд. Бояд коре кунем, ки аз таҷлили Соли нав ранҷе ба мо нарасад, ёди шабҳову рӯзҳои таҷлил хотирмону ҳамешагӣ бошад.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Паёми Пешвои миллатро мустақиман шуниданд

Имрӯз дар Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошои дастаҷамъии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Страницы