Ҳамоиши тарҳрезиҳои чорабиниҳои муштарак дар Душанбе

Дар оламе, ки оромиш надорад, ҳар кор метавонад ба вуҷуъ пайвандад. Аз ҷумла, кӣ метавонад гуфт, ки як замоне аз ин ё он кишвари ҳамсоя мавҷи оворагону паноҳандагон ба мамлакати мо сарозер намешаванд? Ин аст, ки на танҳо Тоҷикистон, балки дилхоҳ мамлакати олам бояд омодаи пазириш бошад. Вале бархӯрдоҳои аввал бо оворагон худ фарҳанги алоҳидаест, ки чигунагии омодагиҳои кишварро ба намоиш мегузорад. Ва ҳадафи дуюмин омӯзишҳои саҳроии алоқаманд ба вуруди эҳтимолии паноҳандагон низ тамрини чораҳои муштарак аст.

Ёздаҳ моҳи фаъолиятҳои наҷот. Шарҳи хеле кутоҳ

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли равон чандин хатароти табиие чун сел, обхезӣ, тарма, бодҳои сарду шадид, ярч, заминларза, хушксолӣ, раъду барқ, сармо, резиши барфи тунд, гармои шадид ва ғайра рух доданд. 

Бино ба маълумоти фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарфи 11 моҳи охир дар кишвар 165 ҳолати фавқулодда ба қайд гирифта шудааст, ки 21 ҳолат ба хоҷагии халқи мамлакат зарари моддӣ расонд (соли 2017 879 ҳодисаи фавқулодда, ки 89 - тои он зарари моддӣ расонда буд).

Терроризм ва экстремизм аз зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир аст

Терроризм ва экстремизм аз зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир ба шумор рафта, хатари онҳо рӯз ба рӯз рӯшантар мешавад. Ҳамин аст, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меоваранд, ки мубориза бар зидди онҳо пурзӯртар карда шавад.

Таъкиди Сафири Иттиҳодияи Аврупо ба таҳкими ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ

Хонум Мэрилин Йосефсон- сарвари Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидор бо Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Рустам Назарзода ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар самти пешгирӣ, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва коҳиши хатари офатҳо таъкид намуд. Хонум ҳамкориҳои дуҷонибаро дар ин самт то кунун созанда ва муфид арзёбӣ кард ва гуфт

Мураббиёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба давраи нави омӯзишӣ ҷалб шуданд

5 декабри соли 2018 давраи омӯзишии дурӯзаи кор бо ҷасади инсон дар ҳолатҳои фавқулодда барои мураббиён аз ҷумлаи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Ин омӯзиш бар асоси “Дастури ба даст овардан, ҳуҷҷат кардан ва интиқоли ҷасади ҳалокшудагон ҳангоми ҳолатҳои

Страницы