Обу ҳавои рӯзи якшанбе, 24-уми ноябр: боз ҳам борону барф, аммо на дар ҳама ҷо

Обу Хавои Руз

Ҳавои рӯзи якшанбеи кишвар боз ҳам боронист. Ба назар мерасад як каме аз бориш мондани ҳаво муваққатӣ буд ва рӯзи якшанбе мо боз шоҳиди борон ва барф хоҳем буд. Албатта, на чун рӯзи ҷумъаи гузашта. Ва сардии ҳаво ҳам тибқи иттилои Агентии ҳавошиносӣ боқӣ мемонад. 

Дар шаҳри Душанбе борону барфи пуршиддат пешгӯӣ

Ҷаласаи муштарак бо Агентии Оғохон оид ба зистгоҳ дар шаҳри Хоруғ

22-юми ноябри соли 2019 дар маҷлисгоҳи Бахши Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ, воқеъ дар шаҳри Хоруғ ҷаласаи навбатӣ оиди коҳиши хатари офатҳо дар фасли зимистон аз ҳисоби волонтёрон-гурӯҳои посухдиҳӣ  ба ҳолатҳои фавқулодда CERT гузаронида шуд.

Дар маҷлиси мазкур Роҳбари Бахши ҳолатҳои фавқулоддаи  Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ дар ВМКБ Абдулҳамид

Як шабонарӯзи корҳои наҷот: боз кардани чор дари баста, берун овардани ҷасад аз дарё ва ...

Ҳар рӯз наҷотдиҳандагони Воҳиди вокуниши сареъи Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба сокинон ва меҳмонони пойтахт ҳама гуна кумакҳои лозимро мерасонанд: ғарқшавандагонро наҷот медиҳанд, ёрии аввалини тиббӣ мерасонанд, дарҳои бастаро боз мекунанд, одамонро аз дохили лифтҳои азкормонда берун мекашанд. Аммо ҳодисаи даркушоӣ вақтҳои охир хеле зуд-зуд рух медиҳад.

Ҷашни Парчам дар Раёсати Кумита дар ВМКБ

Бахшида ба Рӯзи Парчам 22-юми ноябри соли равон, ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ВМКБ дар раҳпаймоӣ, ки бо ибтикори МИМҲД-и вилоят гузаронида шуд ба пуррагӣ иштирок намуданд. Дар роҳпаймоӣ кормандони Раёсат бо Парчами Давлатӣ ва овезаҳо оид ба ин санаи муҳим дар даст дошта, фаъолона иштирок намуданд. Дар нимаи аввали  рӯзи 23-юми ноябр дар Раёсат бахшида

Баррасии таҳкими равобити КҲФ ва GIZ (Олмон)

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон лоиҳаи нави Анҷумани ҳамкориҳои байналмилалии Олмон дар Тоҷикистон, ки Вазорати иқтисод ва рушди Олмон барои таҳкими иқтидори сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар сатҳи ин анҷуман сармоягузорӣ мекунад, рӯнамоӣ шуд. Қарор аст ин тарҳ то соли 2022 идома кунад ва панҷ ноҳияи озмоиширо фаро гирад. Ин лоиҳа имкон медиҳад, ки дар КҲФ пойгоҳи иттилооти  ҷуғрофӣ сохта шавад.

Страницы