Коронавирус nCov

Covid-19: Шумори гирифторон дар олам аз марзи 56,5 миллион гузашт. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз омода шудани тарҳи қариб 170 воксан хабар дод

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки шумори гирифторон ба вируси корона дар саросари олам ба 56 миллиону 563 ҳазору 840 нафар расидааст. Танҳо шабонарӯзи гузашта 167 ҳазору 069 нафар сироят шудаву беш аз 3 ҳазор тан фавтидаанд. Аз оғози ҳамагирӣ дар дунё 1 миллиону 354 ҳазору 806 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ин манбаъ гуфтааст, ки ҳамин лаҳзаҳо ...

Баргузории ҳама гуна чорабиниҳои солинавӣ дар Тоҷикистон манъ шуд

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии COVID–19 дар ҷаҳон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ ва маслиҳату тавсияҳои табибону мутахассисонро қатъиян риоя кунанд.

КОВИД-19 ва сӯхтор. Дар оташсӯзии бемористоне дар Руминия 10 мубтало ба коронавирус ба ҳалокат расиданд

Дар сӯхтори бемористоне дар шаҳри Пятра-Нямси Руминия, ки гирифторони коронавирус бистарианд, 10 нафар ҳалок шуданд. Дар ин бора  Associated Press истинодан ба мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар хабар дод.  Дар хабар гуфта мешавд, ки даҳ нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд ва 7 тани онҳо ҳоли вазнин доранд. Аз зарар дидани як духтур ва ду ҳамшираи тиббӣ низ хабар дода шудааст.

Covid-19: Дабири кулли СММ аз сарварони кишварҳои Гурӯҳи бист (G20) хост барои мубориза бо коронавирус дар олам 28 миллиард доллар ҷудо кунанд. 65 нафар кормандони СҶТ ба коронавирус мубтало шудаанд

Шумори гирифторон ба коронавирус КОВИД-19 дар олам ба 56 (55 943 622) наздик мешавад. Танҳо дар шабонарӯзи гузашта боз 184 ҳазору 946 нафар афзудааст ва 3 948 нафар фавтидаанд. Аз оғози ҳамагирӣ аз ин беморӣ дар ҷаҳон 1 миллиону 343 ҳазору 388 нафар ҷон бохтанд. Шумори муолиҷашудагон тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба 38 миллиону 963 ҳазору 786 нафар расидааст.

Пажӯҳиш: . Наздик ба 18% сироятшудагон ба COVID-19 афроде ҳастанд аз 65-сола боло, 8% кӯдаконанд

Шумори мубталоён ба КОВИД-19 дар олам ба 55 миллиону 349 ҳазору  611 нафар расид. Зарфи 24 соати гузашта боз 154 ҳазору 185 нафар ба ин вирус сироят шуданд ва 2 239 нафар ҷон бохтанд. Шумори фавтидагон аз коронавирус дар олам 1 миллиону 332 ҳазору 328 нафар эълон шуд.  Беш аз 43%  ҳодисаи сироят ба вирус дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ (230 670) ба қайд гиифта шудааст.

Страницы