Коронавирус nCov

Covid-19: Шумори мубталоён ба коронавирус дар олам ба 48,5 миллион наздик шуд. Дания ҳама вашақҳои фермаҳои ҳайвонотро мекушад. Дар Порис ҳар 30 сония 1 нафар мубтало ба КОВИД мешавад

Субҳи имрӯз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод, ки шумори мубталоёни ба коронавирус КОВИД-19 дар олам ба  48 миллиону 438 ҳазору 944 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун 1 миллиону 231 ҳазору 26 нафар ҷон бохтаанд. Шабонрарӯзи гузашта дар олам 142 ҳазору 207 сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуда, аз ин вирус боз 2895 тани дигар даргузаштаанд. Ин манбаъ шумори куллан муолиҷашудагон аз Covid-19-ро 34 миллиону 674 ҳазору 519 нафар эълон кард.

Covid-19: Шумори мубталоён дар Тоҷикистон аз 11 ҳазор нафар гузашт. Маркази пандемия аз Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ бори дигар ба Аврупо кӯчид

Субҳи имрӯз аз сирояти 47 миллиону 854 ҳазору 043 нафар ба Covid-19 дар олам хабар дода шуд. Бино ба гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ танҳо шабонарӯзи гузашта 148 ҳазору 638 нафар ба ин вирус сироят шудаанд. Шумори  фавтидагон дар олам ба 1 миллиону 220 ҳазору 535 нафар расид ва ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд 34 миллиону 357 ҳазору 609 нафар пурра муолиҷа шудаанд.

Covid-19: Шумори мубталоён дар олам аз 47 миллион гузашт. Кормандони идораи гӯручӯби Испания даст ба коршиканӣ заданд

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ субҳи имрӯз шумори мубталоён ба КОВИД-19 дар оламро  47 миллиону 326 ҳазору 715 нафар эълон кард. Дар як шабонарӯз дар саросари олам боз 109 ҳазору 64 нафар ба ин вирус сироят шудаанд. То ба имрӯз аз ин беморӣ дар олам 1 миллиону 211 ҳазору 421 нафар фавтидаанд. Шумори ҷонбохтагон дар шабонарӯзи гузашта  1 774 нафар эълон шуд.

Covid-19: Шумори қурбониёни коронавирус дар олам аз 1 миллиону 300 ҳазор гузашт. 11 ҷаҳонгарди Русия дар Туркия аз КОВИД-19 фавтиданд

Субҳи имрӯз шумори мубталоён ба Covid-19 дар олам 46 миллиону 823 ҳазору 515 нафар эълон шуд. То кунун аз ин беморӣ 1 миллиону 205 ҳазору 321 нафар ҷони худро аз даст доданд. Шабонарӯзи гузашта бар асари коронавирус дар кулли кишварҳои олам 1 200 нафар фавтиданд. Бино ба м аълумоти расмии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ то кунун аз ин беморӣ 33 миллиону 756 ҳазору 847 нафар пурра муолиҷа шуданд.

Covid-19: Шумори сироятшудагон дар олам ба 46 миллион наздик мешавад. Маҳдудиятҳои нави шабона дар Аврупо. Мактабҳо, тарабхонаҳо, барҳо, клубҳо, иншоотҳои варзишӣ ва тафреҳиву фарҳангӣ баста мешаванд

31 октябри соли 2020 сироятёфтагон ба вируси корона дар саросари олам 45 миллиону 921 ҳазору 794 нафар эълон шуд. Танҳо рӯзи гузашта 133 ҳазору 721 нафар мубтало ба ин вирус шуданд. Аз оғози пандемия то кунун дар олам аз КОВИД-19 1 миллиону 193 ҳазору 912 нафар фавтидаанд. Аз коронавирус то кунун 33 миллиону 252 ҳазору 284 нафар пурра муолиҷа шудаанд.

Страницы