Коронавирус nCov

ВОКСАНИ НАВИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУС. Ширкати тавлидкунанда мегӯяд ин воксан дар пешгирӣ аз сироят дар 90% муваффақ буд. Мутахассисон чӣ мегӯянд?

Донишмандон муваффақ ба сохтани аввалин воксани самаровар зидди коронавирус шудаанд ва мегӯянд он 90% аз ин вирус ҳимоят мекунад. Ин воксанро ширкатҳои Pfizer ва BioNTech тавлид кардаанд ва гуфта мешавад, ки ин рӯз як рӯзи бузурге дар таърихи илм сабт хоҳад шуд. Дар озмоишҳои клиникии он 43500 нафар дар шаш кишвари олам ширкат кардаанд ва то кунун ягон аксуламали манфӣ надоштааст.

Covid-19: Президенти Украина Зеленский ва сарвари дафтари вай Ермак низ ба КОВИД-19 сироят шудаанд

Шумори сироятшудагон ба КОВИД-19 дар олам ба  51 миллиону 245 ҳазору  233 нафар расидааст. Танҳо шабонарӯзи гузашта дар дунё 121 ҳазору 727 нафар мубтало ба ин вирус шудаанд. Шумори фавтидагон дар як рӯз 2 ҳазору 50 нафар эълон шуд ва аз аввали пандемия аз ин беморӣ 1 миллиону 269 ҳазору 325 нафар ҷон бохтаанд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ахиран эълон кард, ки то кунун аз коронавирус КОВИД-19 36...

Covid-19: Шумори сироятёфтагон дар олам ба 51 миллион наздик мешавад. Сеюмин рӯз аст, ки дар Русия дар як шабонарӯз беш аз 20 ҳазор мубталои навро сабт мекунанд

Субҳи имрӯз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори мубталоён ба коронавирус Covid-19-ро 50 миллиону 739 ҳазору 516 нафар эълон намуд. Ин манбаъ гуфт, ки дар шабонарӯзи сипаришуда боз 91 ҳазору 152 нафар дар саросари олам чун мубталои нав ба қайд гирифта шуданд. Аз КОВИД-19 дар саросари дунё 1 миллиону 262 ҳазору 147 нафар фавтидаанд. Аз ин беморӣ то кунун 35 миллиону 796 ҳазору 183 нафар пурра муолиҷа шудаанд.

Хеле матлаби хонданӣ аз доктори Абдуллоҳи Давлат-духтури тоҷики муқими Москав дар бораи КОВИД-19. Ӯ мегӯяд: то 85%-и гирифторон дар Русия чораҳои пешгириро риоя накардаанд

Аз руи маълумотҳои расмӣ бармеояд, ки то 07.11.2020 с. дар ҷаҳон 49 247 980 одам гирифтори коронавируси нав шудаанд, ки 1 241 981 нафараш ҷон ба ҷонофарин таслим кардаанд. Шояд миллионҳои дигар бо сабабҳои мухталиф ба омори расмӣ ворид нашуда бошанд. Яъне, яқин аст, ки дар гӯшаҳои гуногуни дунё шумораи гирифторону фавтидагон аз Ковид-19 ба маротиб зиёд ҳастанд.

Баррасии ҳаррӯзаи вазъи сироят ва муолиҷаи КОВИД-19 дар Вазорати тандурустӣ дар низоми онлайн

Дар ҳошияи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза дар се марҳила ҷаласаи Ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони коронавируси нави COVID-19  ба таври онлайн доир...

Страницы