Коронавирус nCov

Covid-19: Шумори гирифторон ба 55 миллион нафар дакка мехӯрад. Донишмандон аз кашфи маҳсулоти табиие хабар доданд, ки қодир аст то 97 дарсад потогенҳои уфунии коронавирусро нобуд кунад

коронавирус

Субҳи имрӯз шумори умумии мубталоён ба коронавирус КОВИД-19 54 миллиону 832 ҳазору 578 нафар эълон шуд. Аз ин беморӣ то кунун дар саросари олам 1 миллиону 324 ҳазору 689 нафар ҷон бохтаанд. Дар ҳоли ҳозир аз вазъи вахими 98 ҳазору 827 нафар хабар дода мешавад. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд аз  Covid-19 38 миллиону 147 ҳазору 815 нафар пурра муолиҷа шудаанд. 

Covid-19: Шумори гирифторон дар олам ба 54 миллион наздик мешавад. Дар Тоҷикистон 11 496 нафар мубталои ин беморӣ шудаанд

Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба Covid-19 дар олам ба 53 миллиону 768 ҳазору 560 нафар расидааст. Шабонарӯзи гузашта боз 180 ҳазору 656 нафар сироят шудаанд. Бар асари ин беморӣ шабонарӯзи гузашта дар олам 2 949 нафар ва аз аввали пандемия 1 миллиону 309 ҳазору 752 нафар аз ин беморӣ ҷон бохтаанд. Ин манбаъ гуфтааст, ки то кунун 37 миллиону 535 ҳазору 719 нафар

Covid-19: Чин парвози ҳавопаймоҳои худ ба Москавро боздошт. Тедрос Аданом Гебреисус гуфт: “Эҳтимолан мо хаста шудем, вале КОВИД-19 аз мо хаста нашудааст”

13 ноябри соли 2020 дар олам 53 миллиону 091 ҳазору 981 нафар чун гирифтор ба  Covid-19 сабт шудааст. Аз ин беморӣ то кунун 1 миллиону 299 ҳазору 407 нафар фавтидаанд. Дар шабонарӯз дар олам 141 ҳазору 596 нафар сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуда, 2 854 нафар фавтидаанд. Шумори муолиҷашудагон 37 миллиону 212 ҳазору 856 нафар эълон шуда ва гуфта мешавад, ки 95 ҳазору 735 нафар дар ҳоли вазнин қарор

COVID-19: Ҳудудан 52,5 миллион гирифтор дар олам. Мувофиқи як таҳқиқот, шахсоне, ки Covid-19 доштанд, бештар ба мушкилоти равонӣ дучор мешаванд

12 ноябри соли ҷорӣ шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар олам 52 миллиону 457 ҳазору 990 нафар эълон шуд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта боз 174 ҳазору 634 нафар мубталоёни нав ба қайд гирифта шуданд ва дар як шабонарӯз дар саросари олам аз ин беморӣ 3 047 нафар фавтиданд. Шумори ҷонбохтагони корона дар олам ба 1 миллиону  290 ҳазору 26 нафар расид.

COVID-19: Шумори мубталоён дар олам ба 52 миллион наздик мешавад. Панҷгонаи пурсирояттарин кишварҳо: ИМА, Ҳинд, Бразилия, Фаронса ва Русия. Бразилия санҷиши клиникии воксани чинии Coronavac-ро боздошт

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар оламро субҳи имрӯз 51 миллиону 810 ҳазору 343 нафар эълон кард. Ин манбаъ аз сирояти боз 158 ҳазору 892 нафар ва марги 3 ҳазору 845 нафар хабар дод. Аз оғози пандемия аз коронавирус дар ҷаҳон 1 миллиону 279 ҳазору 546 нафар ҷони худро аз даст доданд ва 36 миллиону 395 ҳазору 204 нафар пурра муолиҷа шудаанд. Тибқи иттилои ҳамин манбаъ ҳоло...

Страницы