COVID-19: Шумори гирифторон аз 88,5 миллион гузашт. Маргумир дар олам аз сирояти коронавирус рӯ ба афзоиш овардааст

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ субҳи имрӯз шумори мубталоён ба коронавирусро 88 миллиону 532 ҳазору 929 нафар эълон кард. Ин манбаъ аз сирояти боз 334 290 нафар дар шабонарӯзи гузашта хабар дод. Шумори ҷонбохтагон аз КОВИД-19 ба 1 миллиону 907 ҳазору 231 нафар расидааст. То кунун дар саросари олам аз ин вирус 63 миллиону 632 ҳазору 235 нафар муолиҷа шуданд. Ҳоло дар бемористонҳои олам 108 ҳазору 368 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон шоми гузашта хабар дод, ки шабонарӯзи сипаришуда ягон нафар гирифтори коронавирус ба қайд гирифта нашуд. Шумори умумии сироятшудагон аз аввали ҳамагирӣ 13 305 нафар эълон шудааст. Ҳафтаи сеюм аст, ки ҳар 7 рӯз дар олам беш аз 4 миллион сироятшудаи нав ба коронавирус сабт мешавад. Шумори фавтидагон дар ин як ҳафтаи охир 3% афзуд ва ба 76 ҳазор нафар расид. Ваксанзании сартосарӣ дар олам аз охири моҳи декабри соли гузашта оғоз шуда буд. Оғози эмкунӣ умедҳоро бештар мекунад, мардуми олам ба ҳамин умеданд, ки ин тадбир имкон хоҳад дод, то дар мубориза зидди ин вируси кушанда пирӯз шаванд. Аммо ҳанӯз теъдоди эмшудагон хеле каманд ва таъсирри он низ ноаён аст. Бахши аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳушдор додааст, ки чораҳои андешидашуда барои мубориза бо навъҳои нави коронавирус кофӣ нестанд. Ҳарчанд бештар аз 230 миллион сокинони Аврупо дар доираи маҳдудиятҳои шадид зиндагӣ мекунанд. Ба гуфтаи директори минтақавии СҶТ Ҳанс Клуге, вазъи кунунӣ метавонад як гардиш бошад, ки пас аз он афзоиши шумораи беморон ё суст ё зиёд мешавад. Штамми нави коронавирус аломатҳои вазнин надорад, ба шиддат интиқол ёфтани он боиси он шудааст, ки шумори гирифторон якбора афзояд. Аммо чораҳо ҳамонанд, ки буданд: доштани ниқоб, риояи фосилаи иҷтимоӣ, маҳдуд кардани иртиботҳо, шустани дасту рӯй ва ғайра. Ҳукумати Британияи Кабир ба барномаи эмкунии аҳолӣ табибони ҳарбиро ҷалб намуд. Вазъ дар ин кишвар хеле нигаронкунанда боқӣ мондааст. Баъзе коршиносон мегӯянд штамми нави коронавируси британиёӣ ба ҳадде осонгузар аст, ки ҳатто тадбирҳои шадиди карантинӣ низ гумон аст садди роҳи он шаванд. Шумори беморони бистаришуда 40% бештар аз шумори беморон дар баҳори соли гузашта мебошад. То кунун дар Британия 1,3 миллион нафар бар зидди КОВИД-19 эм карда шуданд. Дар Олмон - 265 ҳазор, дар Италия - 128 ҳазор, дар Фаронса ҳамагӣ 516 нафар. Дар Фаронса ду манбаъи панҳншавии штамми британиёии SARS-CoV-2 ошкор шудааст. Ҳукумати Финландия маҳдудиятҳои зиддикоронавирусиро ҳаддиақал то 9 феврали соли 2021 тамдид кард. Ҷопон ба муддати як моҳ дар Токио ва навоҳии атрофи он ҳолати фавқулода эълон намуд. Дар шаҳри Шиҷёжунги вилояти Ҳибейи Чин 50 ҳодисаи аломатдор ва 67 беаломати сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Ҳукуматдорони шаҳр истгоҳи роҳи оҳанро бастанд ва ҳаракати автобусҳо ба шаҳрҳои дигар манъ шуд. Шабонарӯзи гузашта дар Русия боз 23 541 сироятшудаи нав ба КОВИД-19 сабт шуд. Суръати афзоиши рӯзона 0,7 фоизро ташкил дод. Вазъи эпидемиологии сирояти коронавирус дар Русия ба ҳоли одӣ бармегардад, навиштааст сомонаи Роспотребнадзор. Дар Қазоқистон шумори фавтидагон аз коронавирус ва илтиҳоби коронавирусӣ афзудааст. Дар шабонарӯзи гузашта 12 нафар ҷон бохтаанд. Мақомоти Қирғизистон аз 170 сироятшудаи нав ба COVID-19 хабар доданд. Аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар 81 826 ба вируси корона сироят шудаанд. Шумори сироятёфтагон ба КОВИД-19 дар Ӯзбекистон ба 77 412 нафар расидааст ва теъдоди фавтидагон аз оғози ҳамагирӣ 615 нафар эълон шудааст.