Ҷаласаи сайёр дар ноҳияи осебдида аз сел

Дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон бунёди хонаҳои нав барои 67 сокини ин ноҳия, ки бар асари сели рӯзҳои 14-16-уми май манзилҳои худро аз даст дода буданд, идома дорад. Дар бораи кумакҳо ва талошҳо барои бартараф намудани оқибати селу ярчи он рӯзҳо мо хабарҳои зиёде дар сомонаи худ интишор додаем. Сарбозону афсарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудифиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва техникаи наҷоти Кумита аз аввалин соатҳои рӯй додани ин ҳодисаи табиӣ дар канори зарардидагон қарор гирифтанд ва то кунун корҳои зиёдеро дар заминаи бартараф намудани паёмадҳои селу ярч анҷом додаанд.

Ҳоло барои ҳамаи бунёдкорон, хонаводаҳои зарардида ва кумакгарон аз ҷумлаи аҳолии маҳаллӣ, ки теъдодашон наздик ба 1000 нафар мерасад, ғизои гарм барои наҳор ва шом омода карда мешавад. 

Охири ҳафтаи гузашта барои ҳамоҳангсозии амалҳо дар бунёди хонаҳои нав ва расонидани ёриҳо ба сокинон таҳти роҳбарии ҷонишини Раиси КҲФ полковник М.Салимзода ва ҷонишини раиси Ҳукумати вилояти Хатлон Н.Мирзозода ҷаласаи сайёр бо ширкати роҳбарони шаҳрҳо, ноҳияҳо, идораҳо ва хадамоти мухталифи ноҳия баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа қарор шуд, ки дар рӯзҳои наздик барои харидории дару тирезаҳо барои хонаҳои навсохт мусоидат карда шавад. 

Ҳамзамон ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат”-и Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 нафар аъзои фаъоли худро  ҷиҳати расонидани кумак дар сохтмони хонаҳо барои зарардидагон эъзом намуд.

Дар шаҳраки хайманишинон духтурон шабонабарӯз навбатдорӣ мекунанд, аҳолӣ пайваста аз назорати духтурон мегузаранд ва тифлони хурдсол аллакай ҳама обилакӯбиҳои нақшавиро гирифтаанд. 

То 21-уми июни соли равон пойдевори 67 хона ба анҷом расида, деворзанӣ ва дигар корҳои сохтмонӣ шуруъ гардидааст. Дар 16 хона деворҳо қад кашида, дар 1 хона сохтмони бом ва болопӯш оғоз шудааст.