Activities calendar

13 майи 2025

Ду ҳодисаи ғарқшавӣ дар кишвар дар шабонарӯзи гузашта. Имдодгарони КҲФ якеро наҷот доданд

Як ҷавони 22-сола, истиқоматкунандаи муваққатӣ дар кӯчаи ба номи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо сабабҳои номаълум дар оби рӯди Душанбе ғарқ шудааст.

Ин ҳодиса рӯзи 12-уми моҳи майи соли ҷорӣ иттифоқ уфтодааст ва сокинони ҷасади ӯро дар мавзеи пули собиқ бозори Султони Кабир дида, ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар додаанд.