Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз гармии ҳаво ва гарду ғубор дар чанд рӯзи оянда
Чоп шуд: 14/05/2025 | redaktor
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 15 то 17-уми майи соли ҷорӣ дар водиҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд дамои ҳаво аз 34+39º то 37+42º гарм мешавад. Манбаъ гуфтааст, ки барои моҳи май ин гуна болоравии дамо ғайримуқаррарӣ аст ва пеш иттифоқ науфтода буд.