Семинари омӯзишӣ оид ба огоҳсозии бармаҳал ва чораҳои наҷот дар ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Кӯлоб
Чоп шуд: 05/06/2025 | redaktor
Дар доираи созишномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, дар Шуъбаи КҲФ ва МГ дар минтақаи Кӯлоб бо ҷалби хадамоти мудофиаи гражданӣ, хадамоти оташнишонӣ, хадамоти тиббӣ, хадамоти тартиботи ҷамъиятӣ ва волонтёрон семинар дар мавзӯи «Огоҳсозии бармаҳал барои ҳама» баргузор гардид.
Аз тарафи дастаи наҷотдиҳандагони шуъбаи минтақавӣ ба ҳозирин намоиши таҷҳизоти наҷотдиҳӣ ва саҳнаи таклидии наҷоти шаҳрвандони осебдида аз бинои бисёрошёна пешниҳод карда шуд.