Заминларза

Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаи 3 ноябри соли 2025, соати 01:29 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази заминларза 236 километр ҷанубу-ғарбӣ аз шаҳри Душанбе, 80 километр ҷанубу-ғарбӣ аз ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон 322 километр аз шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар ҳудуди Ҷумҳурии Афғонистон буда, қувваи заминларза дар марказаш 6-7 балл дар шаҳри Душанбе 4-балл шаҳри Панҷакент 3-баллро ташкил додааст.

Тибқи маълумотҳои гирифташуда, дар натиҷаи заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

барчасп: