Ахбори рӯз

КҲФ ҳушдор медиҳад: борони шадид ва барф-эҳтиет шавед!

Диққат! Борони шадид ва бориши барф интизор аст

Аз 24 то 26 феврал дар қаламрави ҷумҳурӣ боронҳои зиед ба барф мегузаранд. Дар робита ба ин имконпазир аст:

 • яхбандӣ ва бад шудани намоенӣ дар роҳҳо,

 • афзоиши хатари тармафароӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ,

 • обхезӣ дар минтақаҳои паст.

Мусобиқаи футболи хурд бахшида ба 32-солагии Қувваҳои Мусаллаҳ

Бо ташаббуси раиси ВМКБ, муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ, бахшида ба 32-юмин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд байни тимҳои мақомотҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.

Дар мусобиқа 16 даста иштирок намуданд, аз ҷумла тими яккачини Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ) дар ВМКБ.

Дар Кумита Рӯзи Артиши Миллӣ ҷашн гирифта шуд

Санаи 21 феврали соли 2025 дар Дастгоҳи марказии Кумита бо иштироки Раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, муовинони раиси Кумита, Шӯрои собиқадорон ва ҳайати шахсӣ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 32 солгарди таъсисебии Артиши миллӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ раҳбарияти Кумита ва намояндагони Шӯрои собиқадорони Кумита суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки дар таъсис ва рушди Артиши миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳ, Генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми нотакрор ва арзанда гузоштааст.

Кормандони Кумита ба Осорхонаи миллӣ ташриф оварданд

21 феврали соли 2025, дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 100 нафар афсарону хизматчиёни Кумита аз намоишгоҳҳои Осорхонаи миллӣ дидан карданд.

Дар оғози чорабинӣ намояндаи Осорхонаи миллӣ Абдулҳамид Фирдавс ҳозиринро бо ҷашн табрик намуда, онҳоро бо тартиби гаштугузор дар осорхона шинос намуд. Ҳайати шахсӣ ба гурӯҳҳои 25-нафара тақсим шуда, бо таъриху фарҳанги миллӣ аз наздик шинос гардиданд.

Садамаи сӯхбар дар роҳи Душанбе Чаноқ. Талафоти ҷони нест

18 феврали соли 2025, тахминан соати  08:30 дақиқа дар километри 130-юми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, ҳудуди ноҳияи Айнӣ автомашинаи боркаши тамғаи DAF, рақами қайди давлатиаш tj 2169 МН 02, ки барои интиқоли гази моеъ пешбинӣ шудааст, ҳангоми аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат карданаш, чаппагардон шудааст.

Ин мошин аз ҷониби як сокини 31-солаи ҷамоати деҳоти Сарихосори ноҳияи Балҷувон идора мешуд. Сабаби ҳоса аз уҳдаи идоми мошин надаромадани ронанда гуфта шудааст.

Страницы