Заминларза дар Тоҷикистон. Маркази он Афғонистон буд
Чоп шуд: 19/02/2025 | redaktor
Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаи 18 феврали соли 2025, соати 11:03 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминларза 314 километр ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе, 30 километр ғарби ноҳияи Ишкошим дар қаламрави Ҷумҳурии Афғонистон буда, қувваи заминларза дар марказаш 3 балл ва дар ноҳияи Ишкошим 2 баллро ташкил додааст.
Тибқи маълумоти расида ин заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ надошт.