Ахбори рӯз

Паёмадҳои офати табиӣ бартараф мешаванд. Шарҳи хабарҳо аз боронҳои пуршиддати дирӯз

– уми майи соли 2021 дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар қисматҳои ҷудогонаи кишвар сел омад, қитъаҳои наздиҳавлигии одамонро зери об кард, сатҳи об дар рӯдхонаҳо боло рафт, дар баъзе аз миинтақаҳо резиши сангу рег ҳам ба қайд гирифта шуд, ки муваққатан роҳҳои мошингардро баст.

Аз ҷумла, бар асари боронҳои пуршиддат сатҳи оби рӯди...

Партоби 12 мушаки зидди жола дар фазои боронии ноҳияҳои Данғара ва Кушониён

Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 4-уми май бо партови 12 мушаки зидди жола дар фазои ноҳияҳои Данғара ва Кушониён 5 минтақаи хавфноки жоларезро безарар гардонд.

Аз ҷумла, шоми рӯзи 4-уми май аз соати 21: 27 то 21:28 дақиқа ба абрҳои жолаовари фазои боронии ноҳияи Данғара 12 мушак партоб шуд ва 4 минтақаи жоларез безарар гардонида шуд.

Ҳам машқ ва ҳам роҳандозии корҳои соҳилбандӣ дар шаҳри Панҷакент

Дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд аз ҷониби Шӯъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар асоси Нақша чорабиниҳои асосии вилояти Суғд оид ба масъалаҳои мудофиаи гаржданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2021 машқи фармондеҳӣ-ситодии мудофиаи гражданӣ  дар мавзуи “Амали ҳайати роҳбарикунанда қувва ва воситаҳои...

Кӯҳпора роҳи мошингардро муваққатан баст. Сел дар деҳаи Угуки Деваштич ба заминҳои кишоварзӣ осеб расонд

Бар асари боронҳои шадид дар баъзе минтақаҳои кишвар сел омад. Аз ҷумла, дар қаламрави Оби Гарм ва Сичароғи шаҳри Роғун кӯҳпорае канда шуд ва муваққатан роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Лахшро дар километри 76 то 86 баст. Барои бартараф намудани паёмади ин офати табиӣ фавран чораҳо андешида шуданд ва бо ёрии техникаи махсус роҳ поккорӣ ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуд.

Дарсҳои омӯзишӣ дар Хатлон

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукум ати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар Колеҷи давлатии тибби шаҳри Бохтар мувофиқи нақшаи таълимӣ “Омузиши ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ бо пешниҳоди таҷҳизотҳои махсуси наҷот, дар амал нишон додани тарзи истифодабарии таҷҳизоту лавозимотҳои замонавии наҷотдиҳи”  гузаронида шуд.

Страницы