Ахбори рӯз

Баргузории ҷаласаи Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳо (ВИДЕО)

30 апрели соли 2021 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини якуми раиси Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ - Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, нахустин ҷаласаи Платформаи Миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар соли 2021 баргузор гардид.

Дарсҳои омӯзишии мудофиаи гражданӣ дар Роғун

Дар остонаи Рӯзи мудофиаи гражданӣ кормандони шӯъбаи КҲФ дар шаҳри Роғун дар байни донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18 машғулиятҳои намоишӣ оид ба мудофиаи шаҳрвандӣ дар мавзӯи «Амалҳои роҳбарият ва нерӯҳои ғайринизомӣ ҳангоми эвакуатсияи донишҷӯён ва омӯзгорон дар ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ (заминларза ва сӯхтор)" гузарониданд

Тамрини мудофиаи гражданӣ дар хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон

Дар Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон ва воҳидҳои сохтории он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар мавзуи “Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании хадамот ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда (сўхтор)” гузаронида шуд.

Мақсад аз гузаронидани ин чорабинӣ баланд бардоштани...

Наҷоти як гурбаи мискин аз нӯги шохи дарахте, ки баробар ба баландии бинои шашошёна буд

Шаби гузашта ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як сокини пойтахти кишвар занг зад ва хабар дод, ки дар нуги шохи як дарахте, ки баробар ба ошёнаи шашуми биност, як гурба дармондааст ва ҳарчанд мехоҳад поён шавад, вале наметавонад. Оё имконе ҳаст, ки ӯро беозор поин оранд?

16 нафар нафар имдодгарони Раёсати КҲФ дар Суғд пас аз анҷоми як давраи омӯзишӣ соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд

Наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷоти вилояти Суғд давраи омўзишии “Таҳкими зарфияти амалиётҳои саҳроӣ”, ки аз 29 март то 23 апрели соли ҷорӣ идома дошт, ба анҷом расонданд.

Дар маросими хатми ин давраи омӯзишӣ полковник Ҳотамшо Латифзода -муовини якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди

Страницы