Ахбори рӯз

Имдодгарон ҷасади духтари 18-20-соларо аз рӯди Душанбе берун оварданд. Паёмади харобии сел дар роҳи Айнӣ-Панҷекат бартараф шуд

Рӯзи 8-уми июни соли 2022 тахминан соати 16:10 дақиқа навбатдори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи об намудор шудани як ҷасад дар соҳили рӯди Душанбе хабар дод.

Бино ба хабар ин ҷасад дар мавзеъи Муасисаи давлатии “Наврузгоҳ” намудор шудааст.

Наваскарон дар қисми ҳарбии Кумита дар вилояти Хатлон низ савганд ёд карданд

Рӯзи  7 июни соли 2022 дар қисми ҳарбии 45989-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии наваскарони даъвати баҳорӣ баргузор шуд.

Дар ин маросим муовини аввали раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Ҳотамшо Латифзода...

Пайдо кардани ду ҷасад дар обҳои қаламрави Хатлон, ки яке ҳамагӣ 13 сол дошт

ду ҷасад дар обҳои қаламрави Хатлон

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон рӯзи 7-уми июни соли равон тахминан соати 13:45 дақиқа кормандони фурудгоҳи шаҳри Бохтар аз рӯи об намудор шудани ҷасади як духтар дар қаламрави ҷамоати шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кушониён хабар доданд. Дастаи наҷоти Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон фавран ба... 

Чанд мулоқоти генерал Назарзода бо ширкаткунандагони Конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе

Рустам Назарзода

Дар ҳошияи “Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028» Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гнерал-полковники милитсия Рустам Назарзода рӯзҳои 6-7 июни соли равон бо як қатор ширкаткунандагони конфронс мулоқот намуд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028»

Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо! Хонумҳо ва ҷанобони гиромӣ! Меҳмонони азиз!

Бо камоли майл ташрифи шуморо ба шаҳри Душанбе хайрамақдам мегӯям.

Нишасти имрӯзаи мо тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи бознигарии миёнамуддати...

Страницы