Ахбори рӯз

Омӯзишҳои мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Турсунзода

Тамрини маҷмуъии иҷрои Нақшаи чорабиниҳои асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2022 оид ба ҳолатҳои фавқулода дар қаламрави шаҳри Турсунзода се рӯз дар се марҳила идома дошт.  Дар рафти чорабиниҳо ҳолати ҳуҷҷатгузорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, омодагии Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр, ҷузъу томҳои наҷотдиҳии ғайриҳарбӣ ба эвакуатсия, наҷот додани одамон дар ҳолатҳои фавқулодда санҷида шуд.

Наҷоти як сокини Данғара дар канали Душанбе. 51 сол дошт, дар ҷойи мамнуъ шиноварӣ мекард

24 июли соли 2022 соати 18:50 дақиқаи вақти маҳаллӣ ҳангоми навбатдорӣ дар соҳилҳои канали дериватсионӣ дар қаламрави ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шоҳиди ғарқ шудани як мард шуданд.

Сармутахассиси мудофиаи гражданӣ ва ҳифзи аҳолии Раёсат Ҷунайдулло Ализода...

Фоҷеа дар Кӯлоб. Панҷ нафаре, ки барои харгӯшон лона месохтанд, зери кӯҳпора монданд. Хурдсолтаринашон 6 сол дошт

Ин фоҷеа дирӯз, 24-уми июл дар деҳаи Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб рух дод. Панҷ нафар хостанд хоки теппаро канда, барои харгӯшон лона созанд. Баногаҳ кӯҳпора болои онҳо чаппа шуд ва ҳамагӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Сокинони маҳаллӣ дастаҷамъӣ панҷ ҷасадро аз зери хок берун оварданд ва ба беморхонаи ёрии таъҷилии шаҳри Кӯлоб интиқол доданд.

Обилаи маймун: Оё метавон онро таҳдиди нави вирус номид?

Ҳафтаи сипаришуда Подшоҳии Британияи Кабир аз сирояти 78 нафар ба вируси обилаи маймун хабар дод. Дар гузориши мақомоти беҳдоштии ин кишвар омада буд, ки то ба имрӯз мубталоён ба ин вирус онро ба осонӣ пушти сар карданд ва ҳолати вазнин ба қайд гирифта нашуд. Гуфта мешавад, ки густариши беморӣ дар Аврупо, Амрико ва Австралия аз Африқои Ғарбӣ ва Марказӣ, ки ҳоло ба сурати вогир даромадааст...

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Ҳавои гарм то охири моҳ боқӣ мемонад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба  маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки то охири моҳи июли соли равон дар қаламрави мамлакат ҳавои гарму бебориш боқӣ мемонад. Дамои ҳаво дар ин рӯзҳо дар водиҳо ба +40+45, минтақаҳои ҷануби кишвар то ба +47 дараҷа мерасад.

Страницы