Тамрини “Рӯзи мудофиаи гражданӣ” дар шаҳри Турсунзода
Чоп шуд: 07/04/2022 | redaktor
6 апрели соли 2022 дар муассисаи таълимии рақами 12 шаҳри Турсунзода тамрини намоишии “Рӯзи мудофиаи гражданӣ” баргузор шуд.
Дар тамринии намоишӣ муовини раиси шаҳри Турсунзода оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Бобоҷонзода М.М., мудири шуъбаи маорифи шаҳр Л.Раҷабова, хадамоти тиббӣ, 820 нафар хонандагон, 60 нафар омӯзгорон...