Боздиди як ҳайат аз Куриёи Ҷанубӣ аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

15 августи соли равон бо ташаббуси Куриёи Ҷанубӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода ҳайати Кумитаи низоми маориф ва  хизматрасонии ёрии фавқулоддани тиббии Куриёи Шимолӣ (KOCSO) бо сарварии ҷаноби МангСаб Симомро ба ҳузур пазируфт.

Сарвари Кумита дар расми ифтитоҳи мулоқот меҳмононро бо системаи давлатии масъалаҳои пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодда, ҳамчунин мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно намуд, дар бораи фаъолиятҳои КҲФ ва сохторҳои он, ҳуҷҷату асноди тасдиқшудае, ки рушди ҳамкориҳо дар самти ҳолатҳои фавқулодаро дар дохил ва хориҷи кишварро танзим мекунанд, нақл кард.  

Дар навбати худ ҷавноби МангСаб Сим бо изҳори сипос аз пазироии гарм зикр намуд, ки вазифаи асосии ҳайати эъзомшуда аз Куриёи Ҷанубӣ  ин роҳандозии ҳамкориҳо дар омӯзиш ва бозомӯзии кормандон дар масъалаҳои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, расонидани ёрии аввалини тиббӣ ҳам ба зарардидагони ҳайати шахсии КҲФ ва ҳам ба намояндагони вазорату идораҳои дигар мебошад.

  

Дар мулоқот ба ҳамкориҳои созандаи минбаъда миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Куриёи Ҷанубӣ дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ таъкид шуд.

Дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон ҳайати куриёӣ бо фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методӣ шинос шуд, ҳамчунин машқи бист корманди сохторҳои мухталифи Кумиатро дар мавриди расонидани ёриҳо ба зарардидагон аз офати табииро тамошо карданд.

барчасп: