Тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Боми хонаҳои худро сари вақт аз барф тоза кунед!
Чоп шуд: 24/01/2022 | redaktor
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон тавсия медиҳад, ки ба боми хонаҳои худ таваҷҷуҳ кунанд. Сокинони шаҳру деҳот бояд сари вақт боми хонаҳои худро аз барф тоза кунанд, хасу хасрӯбаҳое, ки шамол овардааст, низ аз резишгоҳи об берун намоянд. Ба ин роҳ надиҳанд, ки барфи обшуда шабонгаҳон ях бандад ва шушаи бомгӯшаҳо одамонро ҷароҳатдор кунанд.