Ахбори рӯз

Ҳамкориҳои байналмилалӣ. Генерал Назарзода аз бунёди паногоҳҳои будубоши муваққатӣ ва тақвияти назорати Сарез суҳбат кард

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Рустам Назарзода иброз дошт, ки бо вуҷуди шароити ҳукмрон дар ҳамагирии Covid-19 роҳбарияти Кумита бо роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ 43 мулоқот (соли 2020 56 мулоқот) доир намуд, ки дар онҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои ҳолатҳои фавқулода баррасӣ шуданд.

Дар як сол 188 нафар дар ҳодисаҳои гуногуни фавқулода наҷот дода шуданд

Дар соли 2021 наҷотдиҳандагони КҲФ 758 (соли 2020 – 781) баромади фаврӣ анҷом доданд ва дар натиҷа 188 нафарро аз ҳар гуна хатарҳо наҷот доданд.  Генерал-полковник Рустам Назарзода роҳандозии корҳои садамавиву наҷотро яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Кумита донист.

Соҳибмақоми Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамчунин гуфт, ки имдодгарони ин ниҳод дар як сол 192  амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотро дар обҳои кишвар анҷом додаанд. Дар баратараф намудани паёмадҳои 9 ҳодисаи лағзиши тарма, 20 ҳодисаи омадани сел ширкат кардаанд.

Оғози нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда. Генерал Назарзода аз вуқуъи 359 ҳодисаи фавқулода дар як сол хабар дод

Соли 2020 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 359 ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ (соли 2020 213 ҳодиса) ба қайд гирифта шуд, ки 59 офати табиӣ ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарари моддӣ расонд. Дар натиҷаи офатҳои табиӣ 42 нафар шаҳрвандони кишвар (соли 2020 8 нафар) ба ҳалокат расиданд.

Дар ин бора лаҳзае пеш Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

10 ҳодисаи лағзиши тарма дар ВМКБ дар шабонарӯзи гузашта

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон, Ишкошим ва Шуғнони ВМКБ 10 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Аз ин паёмадҳои 7 ҳодиса пурра бартараф карда шуданд ва ҳоло барои рафъи оқибатҳои се  мавриди дигари лағзиши тарма дар ҳудуди ноҳияҳои Рӯшон ва Ишкошим идома дорад. Бар асари ин ҳодисаҳо ҳеч талафоти ҷониву харобии дигар ба қайд гирифта нашудааст.

Санҷиши омодагии ҳарбӣ дар Раёсати КҲФ дар Хатлон

Рузҳои 4 - 5 феврали соли 2022 азназаргузаронӣ, сафороӣ, машғулиятҳои сафороӣ, машғулиятҳо оид ба бозомузӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбӣ, ҷамъиятӣ – сиёсӣ, омӯзиши қонуну қарорҳои амалкунанда дар самти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ҳуҷҷатгузориҳо ва ташкили роҳандозии чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ, маълумоти умумӣ дар бораи кулҳои вилоят, ташкили...

Страницы